Кабирӣ дар дохили кишвар ҳеч тарафдоре надорад
Муҳиддин Кабирӣ борҳо бо суханрониҳои худ таъкид менамуд, ки пайрави мазҳаби суннӣ аст ва дар амалияи фаъолияти худ, низ мавқеи мазҳабии худро устувор нигоҳ медорад. Мардум чӣ будани ҷангу низоъ ва даргириҳои қавмию гурӯҳӣ ва динӣ – мазҳабиро дар ибтидои солҳои навадумӣ асри бист хуб дарк кардааст ва аз нӯшобаи заҳрогини дурӯғ, дасиса, найранг, ҳиллабозӣ, кинадӯзӣ, фурсатшуморӣ, мансабталошӣ, авомфиребӣ ва худотарошии пирону ҳаммаслакони ТЭТ ҲНИ дар гузашта боиси зиддиятҳои сахти қавмӣ, гурӯҳӣ, динӣ-мазҳабӣ қаламравии ҷумҳурӣ гардид ва бо дасти олудаи бегонапарастони ватанӣ, ки дар шахсони симоҳои “авлиёгунӣ” ҳизбӣ рӯйи саҳнаи муборизаҳои миллатситез омода буданд, тухми кинаю адовати динию мазҳабӣ кошта шуд.
Муҳиддин Кабирӣ аз ҳукумати феъли Эрон интиқод кард, ки бо вуҷуди яке аз кафилони сулҳи тоҷикон буданаш ба сарвари давлат ба ин сулҳ, шикастани аҳднома ва таъқиби сарсахтонаи ҷониби дигари сулҳ камтарин вокунише накардааст ва ба масъулияаш амал нанамуд.
Кабирӣ мисли ҳамешагӣ худ ва ҳамдастони собиқашро бегуноҳ арзёбӣ намуда, ҳамаи айбро бар гардани мақомот ҳавола мекунад. Бояд қайд кард, ки дар ин кор Кабирӣ ба ҳар роҳу восита мехоҳад, хешро аз қабзаи террорист будану ба ҷиноят даст задан ёрӣ нишон диҳад. Мо мутмаинем, ки дер ё зуд Кабирӣ ба аъмоли террористиаш, ки боиси марги садҳо нафар гардидааст , дар назди қонун ва миллати тоҷик ҷавоб хоҳад гуфт.
Дар давраи истиқлолияти миллӣ-давлатӣ, оқибатҳои сангини пайвастани дину сиёсатро дар таъриху тақдири тоҷикон мо дар мисоли фаъолияти ҳизби сиёсӣ-динии наҳзати исломии Тоҷикистон дар солҳои 90-уми садаи ХХ баръало мушоҳида мекунем, ки ҳанӯз аз хотираи мардум шуста нашудааст. Оқибатҳои харобовари фаъолияти сиёсӣ-динии ТЭТ ҲНИ ҳанӯз бартараф нагардидааст.
Дар суханронии худ ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки агар фоизи тарафдоронаш аниқ гӯяд, шояд онро ба зиёдрави муттаҳам номоянд ва агар кам гӯяд шояд, рӯҳияи тарафдоронашро мешиканад. Кабирӣ кайд мекунад, ки гӯё дар дохили кишвар бо тамос мегиранд ва ҷонибдории худро аз назҳат изҳор медоранд. Дар ин масъала низ инсофан бояд гуфт, ки ТТЭ ҲНИ дар дохили кишвар ҳеч тарафдоре надорад. Аз ҷумла ҷавонони кишвар ӯро ҳамчун қаллоб ва чосуси зархарид ва хиёнаткору нафриншуда мешиносанд. Садҳо факту далелҳо мавҷуданд, ки дурӯғ будани ин гуфтаи Кабириро собит месозад.
Хӯҷаназарова М. – дотсент, муовини декан оид
ба илми факултети бизнес ва идоракунии ДДҲБСТ