ДДҲБСТ: Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар таҳияи барномаҳои муштарак

4 июни соли 2021 дар толори Шӯърои Олимони ДДҲБСТ вохурии онлайнӣ бо намояндагони Донишгоҳи федералии Қозон, доир гардид. Дар мулоқот муовини ректор оид ба корҳои таълим, дотсент Ҳаким Ғаюров, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Даврон Бобоҷонов мудири шуъбаи тачрибаомузӣ Мухаббат Мачидзода, декани факултети молия, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Дилрабо Хочаева ва мудири шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ, дотсент Комилҷон Шарипов инчунин, директори Донишкадаи идоракунӣ, иқтисод ва молия, профессор Наиля Багаутдинова, муовини директор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Полякова Оксана Викторовна, сардори маркази роҳнамоии касбӣ ва ҳамкорӣ бо корфармон Руслан Уленгов , мудири шӯъбаи кор бо довталабон Рауф Сабиров иштирок намуданд.
Хадафи асосии вохурӣ рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ҷодаи таълим, илм ва тарбия, омода намудани барномаҳои муштарак барои зинаи бакалавр ва магистр, ҳамкорӣ дар самти илм, таҳсил дар аспирантураи ДФҚ, ҳимояи рисолаҳои илмӣ, ташкил ва гузаронидани конфронсҳои муштарак, хондани онлайн лексияҳо барои донишҷӯёни ду донишгоҳ -Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи федералии Қозон маънидод карда шуд.
Мулоқоту вохӯриҳои онлайнӣ бо донишгоҳу донишкадаҳо ва марказҳои илмии хориҷи мамлакат дар ДДҲБСТ ба ҳукми анъана даромада, ба ин васила раёсати донишгоҳ тасмим дорад, ки аз таҷрибаи донишгоҳҳои бонуфузи хориҷи кишвар бархурдор гардида, раванди таълимро ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ мутобиқ гардонад.

Шуъбаи таҳлил вар обита бо ҷомеа

You might also like