Мулоқоти онлайнии ректорони ДДҲБСТ ва ДДС

Робитаҳои судманди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо марказҳои илмӣ ва муассисаҳои касбии олии Федератсияи Русия равнақ ёфта истодааст.

Дар ин замина вохӯрии ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор Муъмин Шарифзода бо ректори Донишгоҳи давлатии Сургути Федератсияи Русия Косенок Сергей Михайлович баргузор гардид. Мулоқот тариқи онлайн доир гардида, дар он сардори комиссияи қабули Донишгоҳи давлатии Сургут дотсент Ольга Трухина ва мудири шӯъбаи робитаҳои байналмилаии ДДҲБСТ, дотсент Комилҷон Шарипов ширкат варзиданд.

Дар мулоқоти мазкур сарварони ин ду муассисаи касбии олӣ оид ба нақшаҳои дурнамои рушди ҳамкории донишгоҳҳо дар самтҳои гуногун сухан карданд.

Хадафи асосии вохурӣ густариши ҳамкорӣ бо ДДС, имзои шартномаи тарфайн байни донишгоҳҳо, пайдо намудани робита байни кафедраҳо ва пурзур намудани кор бо ҷавонон, волонтёрон ва пайдо намудани робита бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Сургути Федератсияи Русия фаъолияти меҳнатӣ мебаранд ва дигар масъалаҳои таълимиву тарбиявӣ маънидод гардид.

Ба хотири табодули таҷриба ва истифодаи имкониятҳо ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд тариқи онлайн байни донишгоҳҳо мизҳои мудаввар ва конференсияву чорабиниҳои илмиву таҳқиқотӣ роҳандозӣ карда мешавад.

 Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like