Густариши ҳамкориҳои ДДҲБСТ бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон

 

Дар доираи робитаҳои судманди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо муассисаҳои касбии олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон санаи 1 июни соли 2021 мулоқоти онлайнии ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода ва ректори Донишкадаи молиявии шаҳри Тошканд, профессор Тулкин Тешабаев баргузор гардид. Дар мулоқоти онлайнӣ муовинони ректор, намояндагони шуъбаҳои робитаҳои байналмилалии ҳарду муассиса ширкат варзиданд.
Ректори ДДҲБСТ Шарифзода М.М. аз ҳамкориҳои ҳар ду муассаи касбии олӣ изҳори хушҳолӣ карда, пешниҳод намуд, ки ҳамкории Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо Донишкадаи молиявии шаҳри Тошканд боз ҳам густариш ёбанд ва ин пешниҳод аз ҷониби раҳбарияти донишкадаи кишвари дӯсту ҳамсоя ба хубӣ истиқбол гардид. Директори Донишкадаи молиявии шаҳри Тошканд, профессор Тулкин Тешабаев дар навбати худ ба сарвари Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон миннатдории худ ва ҷомеаи Донишкадаи молиявии шаҳри Тошканд расонда қайд намуд, ки факултети муштараки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишкадаи молиявии шаҳри Тошканд барои таҳкими дӯстии ду халқи ба ҳам дӯсту бародар заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Хадафи асосии вохурӣ таҳлили масъалаҳои ташкилию таълимӣ дар самти оғози фаъолияти факултети муштараки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишкадаи молиявии шаҳри Тошканд дар соли хониши нав ва тасдиқи шартномаи тарафайн оид ба тайёр намудани мутахассисон дар факултети муштарак маънидод шуд.
Ёдовар мешавем, ки тайи солҳои охир ҳамкориҳои байналмилалии ДДҲБСТ бо муассисаҳои касбии олии кишвархои дуру наздик, махсусан бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии ба мо дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон беш аз пеш рушд менамояд.
Дар таърихи навини давлатдориамон ба шарофати сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими робитаҳои дуҷониба ва истиқрори муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ҳамчун ифодаи равшани татбиқи сиёсати берунаи дарҳои кушод густариш ёфта, ҳавзаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон васеъ мегардад. Дар доираи сиёсати «Дарҳои боз» ва гуфтушунидҳо муайян гардидани самтҳои афзалиятноки робитаҳои байналхалқӣ дар соҳаи илму маориф, имкон фароҳам овард, ки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолияти байналмилалиро бо шарикон ва ҳамкорони хориҷӣ густариш бахшад. Дар ин раванд бо зиёда аз 70 муассисаҳои таълимиву Марказҳои илмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартномаҳои ҳамкорӣба имзо расидаанд. Натиҷаи ҳамкориҳо дар асоси созишномаҳои дуҷониба ба табодули раванди тахассусҳо, коркарди усулҳои нав барои беҳтар намудани сифати таҳсилот, табодули устодони варзида барои тадриси донишҷӯён, дар робита бо тадқиқоти илмӣ анҷоми корҳои илмию тадқиқотии муштарак, аз рӯи ихтисосҳои зарурӣ ҷалб кардани магистрҳо, аспирантон, докторантон ва унвонҷӯён ба таҳсил ва ҳимоя кардани рисолаҳои илмӣ, кӯмак барои баланд бардоштани дараҷаи илмии ихтисосии устодону олимон, иштирок дар конференсияҳои илмию амалӣ ва илмию назариявӣ, ҳамоиш ва семинарҳо, навиштани китобҳои дарсӣ, асарҳои илмию тадқиқотӣ, дастурҳои таълимӣ, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани сифати таҳсилот ва эътирофи дипломҳои чанде аз ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ дар сатҳи байналхалқӣ мусоидат намуда, ба иқтидори илмиву таълимии донишгоҳ таҳким мебахшад.
Дар асоси ҳамкориҳои мутақобила бо Ҷумҳурии Ўзбекистон байни Вазоратҳои илм ва маорифи Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расида, дар ҳамкории Донишкадаи ҳуқуқшиносии Тошканд, Донишкадаи молияи Тошканд ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар пойгоҳи ҷониби тоҷикистонӣ сохтори нави таълимӣ ташкил карда шудааст. Дар асоси шартномаи тарафайн ба факултети муштарак ба миқдори баробар шаҳрвандони Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад. Факултети муштарак аз рўи ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ ва ҳуқуқшиносии байналхалқӣ, кори бонкӣ, молия ва қарз мутахассисонро омода менамояд. Боял зикр намуд, ки донишҷуёни хориҷӣ бо ҳисси баланди масъулият дар чорабинҳо ва озмунҳои мухталиф ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Ба мисоли Аюбхон Муҳаммадҷонов (шаҳрванди давлати Ӯзбекистон) донишҷӯи курси 2 дар озмуни вилоятии “Таҳияи бизнес – нақшаҳои соҳибкорӣ” бо лоиҳаи “Тайёр кардани шириниҳо дар шаҳри Хуҷанд бо ҳамкории давлати Ўзбекистон” байни донишҷӯёни МТОК-и вилояти Суғд сазовори ҷойи ифтихорӣ гардидааст.
Устодони донишгоҳ Тӯхтабой Тӯхтаев ва Равшан Шокиров дар Донишкадаи молиявии шаҳри Тошканд, Фаррух Ҷӯраев дар филиали Андиҷонии Донишгоҳи давлатии аграрии Тошканд, Туғрал Шокиров дар Донишгоҳи давлатии Фарғона мунтазам барои донишҷӯён, магистрантон, доктарантон ва устодон тариқи онлайнӣмашғулиятҳои лексионӣмегузаранд.
Ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ бо муассисаҳои таълимӣ, марказҳои илмӣ, сафоратхонаҳо, консулгариҳо ва дигар фонду ташкилоти хориҷӣ дар самти табодули таҷриба ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, чопи маводҳои илмӣ, таҳрир ва тақризи маводҳои илмии олимону муҳаққиқон ва донишҷўён, баргузории конференсияҳо ва мизҳои мудаввар, шомил будани олимон ба Шўроҳои диссертатсионӣ, иштироки олимон ба ҳайси экспертони байналмилалӣ дар раванди аккредитатсияи байналхалқӣ дар МТОК хоричӣ ба роҳ монда шудааст.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like