Аз ақл бегонашавии профессори қирғиз

Чӣ хеле, ки ҳамагон огоҳ ҳастем дар рӯзҳои охир муносибати наздисарҳадии ду давлат яъне Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон коҳиш ёфтааст.

Сабаби асосӣ ин даъвои қирғизҳо барои заминҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мутаассифона мардуми давлати ҳамсоя аз таърих огоҳ нестанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дониши таърихиву сиёсии онҳо хеле ва хеле паст мебошад.

Таърих гувоҳ аст, ки қирғизҳо ба заминҳои тоҷикон омада ҷойгир шудаанд  ва имрӯз даъвои соҳиб шудан ба заминҳо доранд. Ин нодуруст аст: бояд тибқи харитаҳои давраи Иттиҳоди Шӯравӣ сарҳад муайян карда шавад на ин, ки суханҳои девонаворӣ як гурӯҳ шахсон тасодуфӣ ба мисоли роҳбари КДАМ ҶҒ Тошиев ва  профессори қирғиз Қиёс Муллоқосимов ҳамчун асос гирифта шавад.

Агар ба таърих назар афканем Оқсой 60 сол пештар моли тоҷикон буда ниҳолҳои зардолу ва шафтолу тоҷикон шинондаанд қиргизҳои кучманчӣ чун чӯпон аз кӯҳҳо фуромада сокини ин маҳаллҳо гашта имрӯз ба аҳолии рӯз наметиянд. Заминҳои болои канал низ моли тоҷикон буд 25 сол инҷониб тоҷикон ҳуқуқи аз канал боло рафтан доранд.

Таърих исбот мекунад, ки ба чуз халқи тоҷик ягон миллат зиёд набуд. Мо ҳоло дар асри ХХI зиндаги дорем бояд шукр кунем, ки ба ҷанги вазнин рӯ ба рӯ нашудаем. Агар ҷанг шавад он гоҳ тамоми ҷойҳо хама ба харобазор табдил меёбем.

Аз суханҳои чунин шахсон ба монанди Профессор Қиёс Муллоқосимов (Кыяс Молдокасымов) байни ду халқи дусту бародар ҷанг мешавад, ки оқибати хуб надорад ба ғайр аз харобиву сарсонии мардум.

Қиёс Муллоқосимов Шумо одами аблаҳ, бесавод ва душмани на балки халқи тоҷик балки халқи қирғиз будед, чунки бо рафтор ва суханҳои ноком байни ду халқи дусту рафиқ ҷанг меандозед.

Аз ҳамин лиҳоз пешниҳод менамоям, ки суханҳои чунин инсонҳои нохалаф ва душманро дар ВАО интишор накунанд.

Нест бод Қиёс Муллоқосимов, нест бод фикри нохалаф, нест бод андешаи нопоки чунин инсон. Ҳайфи ту барин профессор садқаи унвони илмии профессори шавед.

  Дадоматов Д.Н. – д.и.и., мудири кафедраи

баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ

You might also like