“Тоҷикистон – Ватани азизи ман!” дар ДДҲБСТ
Нимаи дуюми 28 апрели соли 2021 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!” доир гардид. Дар озмуни мазкур роҳбарияти донишгоҳ, аъзои ҳакамон ва иштирокчиёни озмун ширкат варзиданд.
Озмун бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ баргузор мегардад.
Озмун аз рӯи номинатсияҳои оҳангсоз, сароянда, навозандагӣ гузаронида шуда, дар он донишҷӯён-ғолибони даври факултетии озмуни мазкур байни ҳам рақобат намуданд.
Гуфта мешавад, ки ҳар як номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ буда, дар вақти иҷро таълифи асари мусиқӣ, шеър, суруд ва оҳанг ба инобат гирифта мешаванд.
Мушоҳида гардид, ки дар муқоиса ба солҳои қаблӣ иштирокчиён бо омодагии амиқ, тайёрии зиёд ва масъулияти баланд ба озмун омада, ҳунару истеъдодашонро нишон доданд. Дар натиҷаи баҳогузории ҳайъати ҳакамон ғолибон муайян ва ба даври баъди роҳ ёфтанд. Дар фарҷом ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода баромад намуда, ба донишҷӯён-иштирокчиёни даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!” изҳори сипос кард ва аз онҳо даъват ба амал овард, ки бояд дар ҳама озмунҳо фаъол бошанд.
Қайд шуд, ки дар кадом озмуне, ки донишҷӯён ғолиб мегарданд бо маблағҳои пулии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ хоҳанд шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа







