«Рушдии соҳибкории инноватсионӣ» баргузории форум дар ДДҲБСТ

«Рушдии соҳибкории инноватсионӣ» таҳти ин унвон дар маҷлисгоҳи бинои№2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Форуми минтақавии соҳибкорони ватанӣ доир гардид. Дар кори форум як зумра роҳбарону намояндагони ширкатҳо ва олимону мутахассисони соҳа ширкат намуданд. Нахуст иштирокчиёни форум аз дастовардҳои Парки технологии ДДҲБСТ дидан карданд. Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода Форуми минтақавии соҳибкорони ватанӣ дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуда иброз кард, ки баргузории Форуми мазкур бо ҷалби олимону мутахассисони соҳавӣ дар таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ омили муҳим хоҳад буд.

Дар идома директори  МД “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” Дилшод Ҷӯразода дар мазӯи “Дастгирии Start-UP  лоиҳаҳо дар МД “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон”, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Маҳина Набиева дар мавзӯи “Хусусиятҳои фурӯши китоб ва дигар маҳсулот ба воситаи онлайн платформа”, намояндаи ташкилоти “Accelerate Prosperite” дар вилояти Суғд Розиқ Чоршанбеев бо номи “Роҳҳо ва имкониятҳои дастгирии техникию молиявии Стартапҳо дар мисоли фаъолияти Фонди ҷамъиятии “Соҳибкорӣ ва рушд””, муаллими кафедраи молия ва қарзи ДДҲБСТ Сиёвуш Норов таҳти номи “Иҷрои барномаи Х-culture дар мактабщои олӣ” ва  номзади илмҳои иқтисодӣ Абдураҳмон Маҳмудов дар мавзӯи “Нақши парки технологӣ дар рушди стартапҳо” ҳамчунин чанде аз коршиносону мутахассисон маърӯзаҳо ироа намуданд.

Дар ҷараёни форум иброз гардид, ки мубодилаи афкор перомуни дарёфт ва пешниҳоди роҳҳои таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии кишвар дар шароити имрўзаи ҷаҳонишавӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид ҷиҳати ҳамбастагии илму истеҳсолот заминаи мусоид фароҳам меоварад. Дар интиҳо изҳори умед карда шуд, ки ҳамкориҳои ташкилоту корхонаҳои иштирокчии форум бо ДДҲБСТ идома меёбанд. Форум бо саволу ҷавоб, музокирот ва гирифтани акси хотиравӣ ба интиҳо расид.

You might also like