Оғози имтиҳонҳо дар Маркази тестӣ

26 апрели 2021 тариқи барномаи Алфа-экспресс дар Маркази тестии донишгоҳ имтиҳони хатми донишҷӯёни шуъбаи ғоибонаи донишгоҳ оғоз гардид. Имрӯз донишҷӯёни факултети баҳисобгирӣ ва андоз тариқи барноми мазкур имтиҳон супориданд.
Зимни суҳбат аксар донишҷӯён изҳори хушҳолӣ карданд, ки тариқи Маркази тестӣ супоридани имтииҳон барои онҳо дастрас ва осон мебошад. Зеро барномаҳои мазкур бе дахолати омилҳои беруна, шаффофу холисона ба дониши азхуднамудаи донишҷӯён баҳогузорӣ менамояд.
Маркази тести имкон фароҳам овардааст то донишҷӯён дар такя ба дониш ва дарсу машғулиятҳои азхуднамудашон имтиҳон супорида, ба гирифтани балу баҳоҳои сазовор ноил гарданд. Маркази тестии донишгоҳ имкон дод то дониши донишҷуён дар қиёс ба солҳои пеш беҳтар гардад.
Дар робита ба ин, имрўз тамоми имтиҳоноти ҷорӣ ва ниҳоии донишҷўёни шўъбаи рўзона, ғоибона, фосилавӣ ва магистратура пурра дар Маркази тестии донишгоҳ ба роҳ монда шудааст.
Ҷараёни баргузории имтиҳони хатми донишҷӯён дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби комиссияи босалоҳият назорат карда шуд. Санҷишу имтиҳони хатми донишҷӯён дар дигар факултетҳои низ тариқи маркази тестии донишгоҳ идома хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки ташкили низоми тестии марказонидашуда, ҷорӣ намудани тарзи амалии раванди таълим бо истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, таҳияи дастурҳои таълимӣ, муҷаҳҳаз намудани синфхонаҳҳо бо таҷҳизоти муосири таълимӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсили босифат ва илмомўзии муҳассилин ба шумор меравад. Дар донишгоҳ раванди таълим бо барномаи махсуси Алфа-экспресс идора карда мешавад ва мунтазам семинар-машваратҳо доир ба татбиқи ҳаматарафи барнома доир мегардад. Барномаи мазкур дар баробари муайян кардани рейтингҳои марҳилавию ниҳоии донишҷӯён ва омода намудани маълумотномаи академӣ имконият медиҳад, ки натиҷаҳои донишазхудкунии донишҷӯён дар мӯҳлати кӯтоҳ ҷамъбаст гардад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like