ТЭТ ҲНИ ба ном ғамхору ба амал бошад…
Раванди пуртазоти ҷаҳони имрўза тақозо менамояд, мафкураи ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ бояд харакатери солим дошта он ба манфиатҳои ҷомеа хизмат номояд. Аммо, ТЭТ ҲНИ ҳанўз аз аввали таъсисёбиаш ғояи ташкил кардани давлати исломро дар ҷумҳурамон дошт, ки тарғиби ин ғоя зери ниқоб, аз тарафи худи Кабирӣ карда мешуд ва аз тарафи аъзоёни он ҷонибдорӣ ва дастгирӣ меёфт.
Маҳз дар натиҷаи муносибатҳои дўстона ва ҳамкории доимии ин ҳизби ба ном «ғамхори халқ» ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ-террористӣ дар кишвар ҷанги бародаркуш сар зад.
Гарчанде, ки Созишномаи сулҳи тоҷикон ба имзо расида буд, ТЭТ ҲНИ барои сиёсинамоии мафкураи динии мардуми азияткашидаи тоҷик аҳамият зоҳир намуда, «фаъолият» – ашро пурзўр мекард.
Дар натиҷа, дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ фаъолияти аъзоёни ҳизб ва домуллоҳои чалласавод пурзўр гардида ба таври ғайриқонунӣ мактабҳои динию масҷидҳо ташкил медоданд.
Инчунин, бо маслиҳату пандҳои хоҷагонаш Кабирӣ ва ҳаммаслакони вай вазифадор гардиданд, ки ҳарчӣ бештар ҷавононро гумроҳ намуда онҳоро ба ҷараёнҳои экстремистӣ кашанд. Мисоли равшани онро мо дар иштироки ҷавонон, дар набардҳои Сурияву Ироқ бараъло мебинем. Маҳз пайдоиши ба ном «Давлати исломӣ» имрўзҳо ҳазорҳо нафар шаҳрвандони на танҳо Тоҷикистон балки тамоми минтақаро ба доми худ кашида истодааст ва дар ин ҷода саҳми Кабирӣ возеҳу равшан аст. Дар натиҷаи дастгирии ТЭТ ҲНИ зиёда аз садҳо нафар ҷавонони тоҷик дар сафҳои ҷангиёни “ДИИШ” ба муқобили Сурия меҷанганд.
Ба ғайр аз ин, дар зери таъсири мафкураи носолими ТЭТ ҲНИ аз тарафи баъзе занону духтарон гирифтани сатру аврат ва аз тарафи мардон либосҳои ғайримиллию ришҳои дарози безеб ба расм даромада буд. Пўшидани сатру аврат ва мондани ришҳои дарози дилгиркунанда ба либоси миллию анъанаҳои давлатдории тоҷикон мухолифат менамояд.
Фаъолияти хоинонаву ғайриқонуни наҳзатиҳо бо роҳбарии Кабирӣ бар хилофи Конститутсия ва дигар қонунҳои давлат буда, аз характери экстремистию террористии ТЭТ ҲНИ шаҳодат медиҳад.
Сарфи назар аз он, ки ТЭТ ҲНИ номи худро ба Паймони миллӣ иваз намудааст, мақсадҳои ғаразноку ифротии он аён аст. Мардум имрўз ҳадафҳои ноамнкардани кишварро аз тарафи ин гурўҳи оммафиреб хуб дарк мекунад ва ба даъвату роҳандозии онҳо бовар намекунад.
Ҷомеаи демокаратӣ волоияти қонун ва риояи онро на танҳо аз ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳо, балки аз тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ талаб менамояд.
Баста шудани фаъолияти ТЭТ ҲНИ бо қорори Суди Олии Тоҷикистон минбаъд барои пешгирӣ кардани фаъолияти ифротгароӣ ва бо сиёсат омезиш додани динро пешгирӣ намуда ҷомеаро дар руҳияи арзишҳои солими қонунию динӣ тарбия менамояд.
Акмалова М.А. – д.и.с., декани
факулатаи сиёсатшиносӣ ва
муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ