Иштироки фаъоли донишҷӯён дар интернет-олимпиадаи байналмилалӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон пайваста ба сатҳи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани  сифати таҳсилот ва ба рейтинги ҷаҳонӣ шомил шудани макотиби олии ҷумҳурӣ таъкид менамоянд.  Дар робита ба ин тӯли чанд соли охир раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар доираи тадбирҳои судманд мунтазам ҷавононро барои иштирок  ба озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ омода менамояд.

Аз ҷумла, бо ташаббуси Фонди миллии дастгирии инноватсионии Федератсияи Русия дар соҳаи маориф дар  ҳамкорӣ бо филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе бо мақсади дастгирии ҳаракати олимпиадаҳои байналмилалӣ тӯли ду соли охир дар донишгоҳ даври якуми Интернет – олимпиадаи кушоди байналмилалии донишҷўён аз фанҳои равияҳои риёзию техникӣ ва гуманитарӣ баргузор шуда истодааст. Ҳамасола ба чорабини мазкур зиёда аз 300 то 500  нафар донишҷуёни донишгоҳ номнавис гардида аз чунин имкониятҳои муносиб самаранок истифода бурда, сатҳи донишандузии худро дар озмунҳои байналмилалӣ месанҷанд.

Даври дуюми интернет – олимпиадаи кушоди байналмилалии донишҷўён санаҳои 27 март ва 9-10 апрели соли 2021 дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Давоми соли ҷорӣ аз 150 донишгоҳҳои бонуфузи Федератсияи Русия, инчунин Словения, Ҷумҳуриҳои Казоқистон, Қирғизистон,  Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд.  Муфассал

Дар натиҷа 9 нафар донишҷӯёни ДДҲБСТ ба даври дуюми интернет – олимпиадаи кушоди байналмилалӣ роҳ ёфтаанд.

Ёдовар мешавем, ки соли сипаришуда, донишҷӯёни донишгоҳ дар даври якум аз фанни математика иштирок намуда, сазовори мақоми ифтихорӣ гардида буданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like