Донишҷӯи ДДҲБСТ соҳиби 4 медали тилло гардид!
Нигина Ботурова донишҷӯи курси 1-уми факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ аз рӯи намуди варзиши сабук дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти ҷоизаи “Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимов У.В.” дар шаҳри Душанбе иштирок ва соҳиби 4 медали тилло гашт.
Донишҷӯи мо дар мусобиқаи мазкур аз рӯи 4 номинатсия, ҷаҳидан ба баландӣ, давидан ба масофаи 200, 400 ва 100 метр (ба таври эстафетавӣ) ширкат варзид ва нисбат ба ҳарифони худ холҳои аз ҳама зиёдро соҳиб гашт. Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ беш аз 350 нафар варзишгарони соли таваллудашон 2002-2003 аз гӯшаву канори мамлакат иштирок намуданд.
Нигина Ботурова тайи 4 сол мешавад, ки бо намуди варзиши сабук машқу тамрин мекунад ва тӯли ин солҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва спартакиадаҳои варзишӣ ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гаштааст.
Ба иттилоои устоди варзишии Нигина Ботурова – муаллимаи кафедраи тарбияи ҷисмонии донишгоҳ Шаҳло Ахмедова моҳи майи соли ҷорӣ дар мамлакати Фаронса мусобиқаи Авру-Осиёгӣ аз рӯи намуди варзиши сабук доир мегардад, ки дар қатори 12 нафар варзишгарони тоҷикистонӣ донишҷӯи мо низ ширкат хоҳад кард. Аҳли устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДҲБСТ ба Нигина Ботурова дар мусобиқаи дар пеш истода барору комёбӣ орзу намуда, умедвори онро доранд, ки соҳиби ҷои аввал ва Парчами миллии моро парафшон хоҳад кард.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа