Ҳудуди давлати мо тақсимнашаванда ва дахлнопазир аст!

Тавре маълум аст, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аввалин маротиба 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст ва дар моддаи 7 чунин омадааст: «Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад. Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо иборат аст. Соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистонро давлат таъмин менамояд. Тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозӣ, ки ягонагии давлатро халалдор мекунад, манъ аст. Тартиби таъсис ва тағйири воҳидҳои маъмурию ҳудудиро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд».

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ягон давлат ва нафароне ҳудуди Тоҷикистонро тақсим кардан ва дахолат оиди заминҳои дар ҳудуди кишварбуда надоранд.

Мутаассифона, вақтҳои охир дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба заминҳои воқеъ дар деҳаи Ворухи дар вилояти Суғд буда талошу забт кардани як қисми ҳудуди заминҳои Тоҷикистон аз тарафи маҳалнишинонои сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон ба вуқўъ омадааст. Байни аҳолинишини сарҳадҳои давлатҳо муносибатҳо тезу тунд гардида ба ҳаргуна амалиётҳои ғайриқонунӣ ба чашм мерасанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди масъалаи мазкур якчанд маротиба бо намояндагони давлати ҳамсоя вохўриҳою мулоқотҳо гузаронди шуда бошад ҳам, лекин аз тарафи ҳамсоя оиди масъалаи якдигарфаҳмию нигоҳдоштани сарҳадҳо чораҳои амиқ нашуда истодааст.

Чи хеле, ки дар расонаҳои расмӣ навишта шудааст, гўё Тошиев Қ. – раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки ҷазирақаламрави Ворухро ба онҳо дода ва бар ивази он 12 ҳазор гектар замини Қирғизистонро аз дигар ҷой бигаранд. Ў инчунин, иброз намудааст, ки замини Ворух аз қадиму айём замини Ҷумҳурии Қирғизистон буда ва он ба давлат баргардонида шавад. Бар замми ин ў қайд намудааст, ки заминҳои ноҳияҳои Лахшу Ҷиргатол ва Мурғоб низ заминҳои қирғизҳост.

Тоҷикистон беш аз таърихи 6000 сола дошта ва агар ба таърихи пешина назар афканему аз рўи он амал кунем ҳудуи заминҳои мардуми ориёи тоҷикон ба дигар давлатҳои ҳозира гузашта меравад.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба оромию осоиштагии мардуми кишвар бо давлатҳои ҳамсоя муносибатҳои хубро нигоҳ доштан кўшиш ба харҷ намуда истодааст.

Аз талошҳои беасос баръакс мардуми ду давлатҳо осеб мебинанду мушкилиҳои зиёдеро бар сари худ меоваранд. Мисоли ин воқеъаҳо чун Ҷумҳурии Озорбойҷону Арманистон ба заминҳои Карабахи Кӯҳӣ шуда метавонад, ки дар охир ду тараф талафҳои барзиёд ва аз ҷиҳати иқтисодӣ ба мушкилиҳо дучор гардида як қисми мардум то ҳол дар парошению сарсонӣ овора мебошанд.

Мо, мардуми тоҷики ориёӣ набояд гузорем, ки ҳудуди заминҳои кишварамон талошу тороҷ гардад. Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоту нишастҳо гузаронида оиди масъалаи мазкур корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монад то, ки дўстию муносибат байни ду кишвари ҳамсоя канда нашавад.

Орипов А.А. – н.и.и., дотсент, декани

факултети баҳисобгирӣ ва андози ДДҲБСТ

You might also like