Авҷи корҳои созандагӣ дар ДДҲБСТ

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба эълон гардидани  1300 рӯзи меҳнати зарбдор дар Донишгоҳи давлатиии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон корҳои бунёдкорӣ ва хуррамгардониву кабудизоркунӣ вусъати тоза касб менамояд.

Имрӯзҳо корҳои бунёдкорӣ дар бинои нави таълимӣ бо тарҳу намои замонавӣ ҷараён дорад. Бино аз ду ошёна иборат буда, синфхонаҳо, долону маҷлисгоҳ ва лабараторияҳои он таъмир гардида,  90 дарсаи корҳо ба анҷом расидааст. Инчунин, дар канори бинои навбунёди таълимӣ бунёди маҷлисгоҳи барҳаво идома дошта, сохтмончиён дар ду баст корҳои сохтмониро анҷом дода истодаанд.

Ҳамчунин, дар ДДҲБСТ бинои дигари дуошёнаи факултети муштараки ДДҲБСТ ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи шаҳри Тошканд пурра таъмиру азнавсозӣ гардида, бо шаклу тарҳ ва намои зебо бунёд гардида,  бо таҷҳизоту техникаи муосири раванди таҳсил таљњизонида шудааст.

Дар саҳни бинои асосиву таълимии донишгоҳ гулҳои ороишиву дарахтони ҳамешасабз ва мевадињанда шинонида шудаанд, ки ба зебогии донишгоҳ ҳусну таровати дигар зам менамояд. Дар донишгоҳ, инчунин сохтмони бинои истиқоматӣ барои кормандону устодон ва хобгоҳ барои донишҷӯён ба нақша гирифта шудааст, ки марҳила ба марҳила сохта мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Сохтмони биноҳои таълимиву истиқоматӣ ва гулу буттаҳои ороишиву фаввораҳои  саҳни биноҳои донишгоҳ як гӯшаи кишвари азизамонро тароватбахш намуда, ба соҳили рости руди Сир, маркази маъмурии вилояти Суғд шаҳри Хуҷанди бостонӣ нуру таровати дигар зам месозад.

Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ дар пайравӣ ба кору пайкори бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагиро минбаъд низ идома медиҳад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like