Давлату ҳукумат ҳуқуқи муҳоҷиронро дар хориҷи мамлакат ҳимоя мекунад

Таърихи аҳолӣ ин таърихи муҳоҷират аст. Одамон барои дарёфти  ризқу рӯзӣ ва ё аз рӯи ноилоҷӣ муҳоҷират мекарданд, то шароити беҳтари ҳаёт ва ё кори мувофиқ ба даст оранд.

Дар тӯли таърихи тамаддуни ҳазорсолаҳои инсоният муҳоҷират қисмати ҷудонашавандаи ҳаёти халқҳо, роҳи мутобиқшавии одамон ба шароити нави иҷтимоӣ ва ё табиӣ буд. Сабабҳои мигратсияи аҳолӣ мухталифанд. Пеш аз ҳама сабабҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар муҳоҷирати аҳолӣ нақши муҳим мебозанд, ки ба он ҷустуҷӯи кор, ҷой ва шароити хубу мусоиди зиндагӣ, гирифтани маълумот, издивоҷ ва ғайра дохил мешаванд.

Тибқи маълумоти расмӣ аз ҷумҳурӣ 359 054 нафар шаҳрванд ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудаанд, ки аз инҳо 310 359  нафар мард ва 48 695 нафар зан  мебошанд. Аз ҷумла, зиёдтар ба Федератсияи Россия 343 912 нафар ва ба Қазоқистон  9571 нафар сафар кардаанд.

Муҳоҷират хоси як давлат нест. Ин тавр намешавад, ки андеша кунем: “Маҳз Тоҷикистон аст, ки муҳоҷират дораду қисме аз аҳолиаш аз роҳи муҳоҷират қути лоямути худро пайдо мекунад”. Ин раванди ҳама кишварҳост. Ва бояд гуфт, ки бе муҳоҷират ҳеҷ як кишваре наметавонад, ки фаъолияти давлатдории худро пеш барад. Давлатҳо худ муҳоҷир қабул мекунанд ё ба муҳоҷират равон мекунанд.

Бинобар ин, чи хеле ки дар сомонаҳо навиштаанд баъзе шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамватанони худро бо ҳар гуна роҳҳо фиреб бар зиддӣ сохтори давлати Тоҷикистон даъват менамояд. Аз ҷумлаи онҳост Изат Амон аст. Изат Амон аз муҳоҷирон бо роҳи фиребу дурӯғ маблағ меситонд. Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст «Маркази тоҷикон»-ро ба таври пардапӯшона барои аз худ кардани кӯмакҳои молии муҳоҷирон истифода мебаранд.

Хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90–ум доштанд, даст накашидаанд.

Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон дар хориҷа аз ҷумла Руссия ва дигар давлатҳо махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.

Фаъолияти чунин равияҳои хурофотпарастӣ, фиреб яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои муштаракро талаб менамояд.

Хӯҷаназарова М. – дотсент, муовини декан

оид ба илми факултети бизнес

 ва идоракунии ДДҲБСТ

You might also like