Густариши робитаҳои ДДҲБСТ бо донишгоҳҳои Федератсияи Русия
02 апрели соли 2021 намояндагони Донишгоҳи давлатии нафту техникии шаҳри Уфаи Федератсияи Русия – муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Наил Чанишев ва мудири шӯъбаи робитаҳои байналмилалии ДДНТУ Салимҷон Ӯрунов ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташриф оварданд.
Меҳмононро Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Муъмин Шарифзода ва муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилаии донишгоҳ, профессор Даврон Бобоҷонов ба ҳузур пазируфтанд. Зимни сӯҳбат Сарвари донишгоҳ меҳмононро шодбош намуда, афзуд, ки давоми солҳои охир ҳамкориҳои байналмилалии ДДҲБСТ бо марказҳои илмию муассисаҳои таълимии хориҷи мамлакат густариш меёбад. Робитаҳои самаранок бо ҳамкорони хориҷӣ махсусан бо донишгоҳу донишкадаҳои Федератсияи Русия ба таҳким бахшидани иқтидори илмию таълимии донишгоҳ заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Дар вохӯрии судманд масъалаҳои ҳамкории байни донишгоҳҳо, махсусан дар самти рушди илмҳои техникӣ ва тадбиқи амалии барномаи давлатии солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баррасӣ гардид. Ҳадаф тавсеаи тафаккури техникии донишҷӯён ва дар ин замина табодули донишҷӯёну устодон, навиштани лоиҳаҳои муштарак буда, дар натиҷа мулоқот шартномаи тарафайн байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии нафту техникии шаҳри Уфа ба имзо расид.
Дар интиҳо изҳори умедворӣ карда шуд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои дуҷониба тақвият пайдо хоҳад кард.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа