Муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамчун обзор дар набардҳои иттилоотӣ

Муҳоҷирати меҳнатӣ ин ҷараёне мебошад, ки дар тамоми мамлакатҳои дунё шуда гузоштааст. Тамоми давлатҳо дар асри ХХI ба ин ҷараён ворид шудаанд. Ман шаҳсан қариб ба ҳамаи давлатҳои пуркудрати ҷаҳон сафар доштам, аз давлатҳои Аврупо сар карда то даватҳои Амрикои шимолу ҷануб. Ва дар ин мамлакатҳо муҳоҷирони меҳнатии давлатҳои гуногунро дидам. Асри ХХI  ин асри муҳоҷират номида мешавад. Аз як минтақа ба дигар минтақаи дар дохили як давлат ва аз як давлат ба дигар давлат мардум бо мақсади дарёфти кор ва моликият ҷойивазкунӣ менамоянд.

Мардуми бузурги Тоҷикистони азизамонам аз ин ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ берун нестанд. Ва дар ин ҷараён ягон шармандаги нест. Сиёсати давлати мо ин сиёсати дарҳои кушода мебошад. Мо бо тамоми давлатҳои ҷаҳон ҳаракат мекунем ки, муносибати дипломати созем ва мардуми мо бе ягон мушкили тавонанд ба давлатҳои ҷаҳон рафта кору фаъолият баранд. Ҳоло давлати мо бо 178 давлати дунё муносибати дипломати дорад.

Солҳои 1992-1997 солҳои вазнинтарини барои Тоҷикистони азизи мо буд. Ҷанги бародаркушӣ барои иқтисодиёти миллӣ зарари калон расонд. То ҳол мо натиҷаи ин ҷангро дида истодаем. Соли 1997 Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва ба ҳамаи соҳторҳои давлатӣ намояндагони муҳолифон (30 %) ворид шудан. Аммо мо медонем ки, ба чи овард вай иқдоми беҳтарини Сарвари давлат, ки моҳи сентябри соли 2015 аз тарафи генерали Назарзода табаддулоти низомӣ ташкил карда шуд. Аз фурсат ва аз вазифаи муовини вазири мудофиа истифода бурда садҳо афсаронро фиреб карда ба табаддулоти сиёсӣ даст зад. Аммо мардуми бузурги тоҷик ин исёнро дастгирӣ накард. Чунки мардуми мо сафедро аз сиёҳ фарқ карда метавонад.

Тоҷикистониён имконияти якхела барои дастрасӣ ба маънавиёт, моддиёт, таъриху бойгонии миллат, ҷузъу томи ҷомеа ва ба баробарҳуқуқ доранд. Кишвари мо ва миллату мардуми мо пас аз созишномаи сулҳ ба як кишвари мардумсолор, ҳуқуқбунёд, дорои интихоботҳои озод, матбуоти озод ва қонунмеҳвар табдил ёфт. Мардуми мо Тоҷикистони азизи моро дар тамоми дунё муарифи менамоянд, ва шаъну шарафи тоҷиконро ҳеҷ вахт паст намезананд. Сад бор шукр ки, давлат дорем, сарҳад дорем, забон дорем ва Пешво дорем.

Оид ба коҳиш ёфтани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ аз тарафи Ҳуқумати мамлакат ва шаҳсан аз тарафи Сарвари давлат ҳаматарафа кору фаъолият бурда истодааст. Дар соли 2020 ҳазорон ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта мардуми моро бо кор таъмин карданд.

Паёмадҳои муҳоҷирати мардуми тоҷик айни ҳол наонкадар хуб аст, лекин ин дар тамоми давлатҳо дида мешавад. Мухоҷирони меҳнатӣ бо мақсади кор ба дигар давлат  сафар мекнанд ва дар дигар давлат онҳоя интизор нестанд ва агар хоҳанд ки, бо кори нағз таъмин шаванд бояд мутахассис бошанд. Ҳоло кариб ҳазорон муҳоҷирон дар Федератсияи Русия ба қайд гирифта шудааст. Ва сиёсати давлати мо ҳамин аст ки, ҳамаи ин муҳоҷиронро ба давлат баргарондан ва кор таъмин кардан, ки ҳамаи инҳо дар назди оилаошон ва фарзандонашон зиндаги кунанд. Мутаасифона аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамчун обзор дар роҳи манфури хеш истифода бурда мешавад. Аз ҷумла дар минтақаи Аврупо таъсис гардидани созмони зеринаҳзатӣ бо номи “Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ” мисоли зинда шуда метавонад.

Тӯразода Ҷ. – сармуаллими кафедраи

иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

You might also like