Муҳаммадиқболи беиқбол сари як ҷавони тоҷикро хӯрд

Мутаассифона дар ҷомеа боз нафароне пайдо мешаванд, ки баъзан аз рӯи паст будани донишҳои сиёсиву динӣ ва фирефтаи суханҳои дурӯғини созмонҳои махсуси зидди давлату миллати тоҷик ба мисли Муҳаммадиқболи Садриддин ва сомонаи ифротии ӯ “Ислоҳ.нет” афтода, ба чунин ашхос ҳамкориву кӯмакрасонӣ менамоянд. Магар айб нест, ки баъди фурсати тӯлонӣ боз гардидани дари масҷидҳои кишвар ашхосе ба монанди имомхатиб ба ҷои машғул шудан ба вазифаи асосии хеш, яъне даъвати мардум ба амалҳои неку созанда ва роҳи хайру эҳсон ба фаъолияти гурӯҳҳои ғайриқонунии экстремистию терроистӣ мепайванданд. Оё ин ношукрӣ нисбати шароити имрӯзаи кишвар ва фазои сулҳу оромии ватан нест?

Чунин рафтори имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Ҳоҷӣ Абдулғаффори маҳаллаи “Нонвойи поён”-и шаҳри Кӯлоб Маҳмадсодиқ Саидов далели он аст, ки мутаассифона дар байни руҳониён афкори ғалат нисбати рафтори созмонҳои экстремистию террорстӣ мавҷуд мебошад. Ҳоло ҳам онҳо ба андешаву ақидаи чунин созмону ҳаракатҳое, ки аз номи дину Худо сухан мекунанд, эътиқоди баланд доранд ва онҳоро ҳамчун наҷотдиҳандаи мардуми гумроҳ мепиндоранд. То ҳол бехабар аз он ҳастанд, ки дар дунё кам нестанд созмонҳое, ки ҳаргуна воситаҳо, аз ҷумла динро ҳамчун шиор барои расидан ба мақсадҳои хеш истифода менамоянд. Ин на танҳо равиши кори бархе аз мусулмонон, балки кишвару созмонҳои махсус мебошад, ки барои амалӣ намудани мақсадҳои ғаразноки хеш динро ҳамчун шиору восита истифода мебаранд. Зеро, аксарияти мардуми боимон зуд ба гуфторҳои динӣ бовару эътиқод намуда, мубаллиғони динро барои худ ҳамчун шахси дилсӯз қабул менамоянд. Сухани онҳоро ҳақиқати ҳол қабул намуда, омода ҳастанд ҳамаи гуфтаҳояшонро дар амал тадбиқ созанд ва ҳарчи аз дасташон меояд ба онҳо кӯмак намоянд. Бехабар аз он, ки ин гуфтаҳо барои ҷалби нафарон барои амалӣ сохтани мақсадҳои нопок ва душманона нисбати давлату миллат мебошад.

Душманони дар хориҷи кишвар қарор дошта танҳо дар бораи камбудии ин ё он соҳаи ҳаёти ҷомеа ва давлат ҳарф месазанд, ки ягон асос надорад. Оё дар дунё ҳаст давлате, ки муаммову мукшилӣ надошта бошад? Нест, албатта. Пешрафтатарин давлатҳо дар ҷомеаи худ муаммоҳои мухталиф доранд. Куҷо расад Тоҷикистон, ки имсол ба истиқлолияти он 30 мешавад, ки даҳ соли аввали он ба давраи нооромии сиёсӣ рост меояд. Аммо, ба ин нигоҳ накарда дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дастовардҳои назаррас ба чашм мерасанд.

Мутаассифона, на ҳамаи шахсон шароити имрӯзаи кишварро бо солҳои 90-ум муқоиса мекунанд, ки он вақт мо чи шароит  доштем ва имрӯз дар кадом сатҳи зиндагӣ расидем? Аммо, душманон ҳамеша аз нуқсону камбудии кишвар ҳарф мезананд ва боре ҳам дар бораи комёбии соҳаҳо ва пешрафти Тоҷикистон лаб боз намекунанд. Чун онҳо мехоҳанд мардум аз шароити ҳол ҳамеша норизо бошанд ва талошу кӯшиши ҳукумату давлатро камарзиш нишон диҳанд.

Имрӯз вақти он расидааст, ки нисбати созмонҳои террористиву экстремистӣ бетараф набошем, зеро бетарафӣ оқибати бад дорад. Ягон давлату созмон дар фикри суботу амният ва пешрафти мо нестанд. Ҳар кишвар пеш аз ҳама манфиатҳои миллии худро ҳимоя менамояд. Дар шароити имрӯзаи сиёсиву геополитикии ҷаҳонӣ суботу оромӣ ва амният арзиши пурбаҳо ва барои бақои миллату давлату аҳамияти фавқулода дорад. Мо бояд манфиатҳои ҷомеаву давлатро аз хостаҳои шахсӣ ва манфиатҳои гурӯҳӣ боло донем, зеро маҳз будани давлат яке аз заминаҳо барои расидан ба саодату хушбахтии иснон ба ҳисоб меравад.

Саидзода Ш. – н.и.с., дотсент, мудири

 кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like