Муҳаммадиқбол аз шарики ҷиноятии худ даст кашид

Наҳзатиҳо аз ҳадафҳои зиддимилливу зиддиинсонии худ даст накашида пайваста мехоҳанд, баҳри рушди ҷомеаи Тоҷикистон монеа эҷод намоянд. Мутаассифона дар ҷомеаи мо кам нестанд афроде ки ғуломи ғояҳои наҳзатиҳо гардида ба гумроҳӣ мераванд. Аз ин ҷумла имомхатиби яке аз масҷидҳои ҷомеи шаҳри Кӯлоб мебошад, ки бо гумони ҳамкорӣ бо ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати ислом боздошт шудааст. Тадқиқотҳо собит сохтаанд, ки масъули сомонаи экстремистии “Ислоҳ.нет” Муҳаммадиқболӣ Садриддин бо имомхатиб иртибот барқарор карда, ӯро ҳамчун василаи ҳадафҳои ҳизбӣ истифода намудааст.

Чунин қурбониҳои наҳзати исломии террористӣ дар кишвари мо бешуморанд. Ба ғояҳои наҳзатиҳо мутеъ шудани имомхатибон ин як фоҷиа аст. Чунки дар тарбияи диниву маънавии аъзоёни ҷомеаи Тоҷикистон нақши руҳониён бисёр муҳим аст. Бадхоҳани давлату миллати мо барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ пеш аз ҳама аз эҳсосоти динии шаҳрвандон истифода мекунанд. Маълумотҳои дар натиҷаи тадқиқоти журналистии мустақил нашршуда тасдиқ менамоянд, ки ин имомхатиби ҷавон низ, ки вазифаи асосиаш ҳидоят намудани шаҳрвандон ба корҳои созанда мебошад, худ фирефтаи ғояҳои наҳзатӣ гардида,   ба манфиати онҳо фаъолияти ғайриқонунӣ намудааст.

Имомхатиб Маҳмадсодиқ Саидов шахси бадомафтодааст. Шояд ӯ аз сабаби ҷавонӣ ҳанӯз ба дарки найрангҳои Муҳаммадиқболбарин маккор нарафта буд. Аммо Муҳаммадиқболу Кабирӣ кай парво доранд, ки бо боздошти ин ҷавон кӯдаконаш зиндаятим мемонанд.

Онҳо хуб медонанд, ки паёмади чунин рафторашон оқибат маҳбасӣ кардани мардуми бечора аст, аммо ҳадафҳои ҳизбӣ ва дастурҳои хоҷаҳои беруниашон барои онҳо аз ҳама гуна арзишҳо болост. Аз ин дидгоҳ, боздошти имомхатиб ва расонаӣ шудани ҳама гуна мукотибаҳояш бо Муҳаммадиқболӣ Садриддин бори дигар бояд барои дигарон ибрате бошад. Мо бояд бар ин нукта бовар дошта бошем, ки дили Муҳаммадиқболу дигар наҳзатиён ҳаргиз барои қурбониҳояшон насӯхтаасту намесӯзад. Мисоли барҷастаи ин мусоҳибаи Муҳаммадиқболи Садриддин бо Радиои “Озодӣ” аст, ки ӯ зимни мусоҳиба ҳама гуна иртиботаш бо имомхатиб Маҳмадсодиқ Саидовро рад кард. Аммо вақте мукотибаҳояш дар матбуот ба нашр расид, дигар сукутро интихоб кард. Аҷаб сукути пурмаъное, ба он маъно ки ман на парвои туру дораму на парвои ғами пайвандонатро. Аммо мардум бояд аз чунин “сукути пурмаъно” барои худ баҳраи лозимӣ бигиранд.

Бобоев А.Х. – н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи

ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ

You might also like