Чашми бади наҳзат илоҳо кӯр бод

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба мақоми олии қонунбарорӣ ин таҳкимбахши соҳибихтиёрӣ ва ташаккулёбии самтҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвари азизамон аст.

Мо мардуми шарафманди Тоҷикистон дар остонаи 30 солагии соҳибихтиёрии Ватанамон қарор дорем ва барои ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон ин тўҳфаи бузург ва нотакрор мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави сохтмони давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи худтанзимшавандаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувори худро ниҳод. Созмон додани давлати демокративу ҳуқуқбунёд ҳамчун ҳадафи олии халқи тоҷик дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид. Президенти Ҷумҳури муҳтарам Эмомали Раҳмон дар паёми худ ба аъзоёни Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи олии халқи тоҷик ин бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёдро ёдрас намуда, чунин гуфтаанд: «Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ҳанӯз дар ибтидои шоҳроҳи бузурге қарор дорад, ки ҳадафи халқи он бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд, ташкили ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, таъмини зиндагии орому осуда ва ҳамгирои бо ҷомеаи мутамаддин мебошад».

Албатта соли сипаригардидаи 2020  соли вазнин ва пурмашаққате барои халқи Тоҷикистон мебошад, зеро вабои асре, ки бо номи COVID-19 на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифта буд зарбаи сахти моддиву маънавии худро гузошт. Ҳоло ҳам як қатор кишварҳои Аврупо аз доманаи ин бемори набаромада истодаанд, ки илми тиб низ бо мушкилие ба ин бемори муқовимат нишон дода истодааст. Хушбахтона аксарияти шаҳрвандони кишварамон ин бемориро аз сар гузарониданд, ки ҳатто мутахассисони вирусологияи кишварҳои Россия ва Ўзбекистон дар вақти вазнинии ин бемори (моҳи майи 2020) ба Тоҷикистон даъват карда шуданд. Ин мутахассисони тиб дар натиҷаи нишон додани роҳи муолиҷа ва пешгирии ин беморӣ ба хулоса омада чунин баён карданд, ки аз шаш намуди COVID-19 танҳо ду намудаш дар Тоҷикистон мавҷуд аст ва он ҳам муолиҷашаванда ва нисбатан сабук мебошад.

Бояд қайд намуд, ки роҳи эъмори давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд мураккабу душвор буда, вуҷуд доштани муаммоҳо ва масалаҳои гуногунро тақозо мекунад. Ба ҳамаи ин мушкилиҳо нигоҳ накарда соли 2020 соли хуб ва натиҷабахше буд, чи хеле ки Президенти кишварамон қайд намуданд иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 4,5 фоиз афзоиш ёфта ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миилиард сомонӣ баробар гардид. Ин яке аз нишондиҳандаҳои хубе мебошад, ки ба бемории ҷаҳонӣ нигоҳ накарда иқтисодиёти мамлакат то як дараҷае пеш рафт. Ҷумҳурии Тоҷикистон тавнист то андозае шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам оварад. Аммо тӯдае аз мухолифини мамлакат аз дастовардҳои нав ба нави давлати мо дар ҳолати изтиробанд. Онҳо аз худ ҳаргуна сафсатаҳои навбатиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуда, дар мағлубияти худ ҳукуматро муттаҳам мекунанд.

Воситов Ҳ.А. – н.и.ҳ., сармуаллими кафедраи

назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ

You might also like