Ҳамкорӣ бо наҳзатиён сари имомхатибро хӯрд

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ хавфу хатари гурӯҳҳои ифротӣ беш аз пеш зиёдтар шуда истодааст. Ҷаҳони муосир дар қатори муаммоҳои экологӣ, иқтисодӣ-демографӣ, таъмини амнияти сартосарии мардум ва ҳифзи амнияти иттилоотӣ рӯ ба рӯ гардидааст. Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ингуна “балоҳои охиратзамон” дар ибтидои солҳои 90-ум гирифтор шуда буд. Аз “бозсозии Горбачёвӣ” сар карда, дар ҳудуди мамлакат ва шаҳри Душанбе майдоннишиниҳои беасосу давомдор, ба маҳаллу миллат ҷудо кардани мардум ва охиру оқибат ба сар задани ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Маҳз дар ҳамин ҷанги таҳмилии дохилӣ актҳои террористӣ ва кирдорҳои эктремистӣ аз ҷониби созмону гурӯҳҳои ифротӣ, ба мисоли ТЭТ ҲНИ доир мегашт. Қатл ва кушта шудани шахсиятҳои баруманди ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва илмӣ, беномунишон гардидани чандин тани дигар ва ҳамчун гаравгон истифода бурдани онҳо мисоли зинадаест.

Баъди  5 соли низои дохилӣ, аниқтараш 27-уми июни соли 1997 бо ибтикори Роҳбари давлат ва равшанфикрон бо ҷониби мухолифин “Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” баста шуд. Халқу давлат аз гуноҳи кардаи мухолифини наҳзатӣ гузаштанд ва барои онҳо имконияти ислоҳ шудан ва ба рушди ҷомеаи Тоҷикистон саҳми худро гузоштанро муҳайё намуданд. То андозае аз ҳисоби квотаи 30%-и ба даст овардаи худ, роҳбарияти ТЭТ ҲНИ ва размандагони он ба сафи мақомотҳои давлативӣ ва сохторҳои ҳарбии мамлакат шомил гардида, дар зиндагии худ саҳифаи наверо оғоз карданд. Аммо на ҳамаи онҳо “тавбаи насӯҳ” кардаанду аз амалҳои ноҷавонмардонаи худ даст кашидаанд. Таърих худ исботи зиндае аст, ки ҳеҷгоҳ аз хотири он парешон намешавад. Даст ба ҷиноятҳои дорои террористиву экстремистӣ задани аъзоёну роҳбарияти ТЭТ ҲНИ ва доир намудани табаддулоти нокоми давлатӣ-ҳарбӣ сабаб гардит, ки бо қарори Суди олии мамлакат соли 2015 фаъолияти он манъ гардида, худ бошад ҳамчун ҳизби террористиву экстремистӣ эълон гардид. Нафароне, ки аъзои ин ҳизб буданд бо хоҳиши худ даст кашиданд ва ҳаёти рӯзмарраи худ баргаштанд. Аъзоёни дигари наҳзат бошад қисме аз онҳо барои ҷиноятҳои кардаи худ адои ҷазо мекунанд ва ё ранги роҳбарияти хеш дар хориҷа паноҳ бурдаанд. Аз хориҷа истода, ба ҷониби давлату миллати Тоҷикистон санг мепартоянд.

Аз зумраи фаъолияти кунунии ТЭТ ҲНИ ва созмони навкардаи онҳо Паймони миллӣ, маҳз ҳамин сангпартоӣ нисбати сиёсати давлату ҳукумат аст. Онҳо ба мисоли як саге ҳастанд, ки на ободии Ватанро дида метавонанд ва на баҳри рушду нумӯи он саҳме расонида. Кору пайкори онҳо ҳарчи бештар танқиду мазаммат кардани Тоҷикистон ва дар фазои иттилоотӣ-интернетӣ зиёд намудани тарафдори хеш аст. Аммо ин ягон натиҷаи дилхоҳ намебахшад. Зеро ки мардуми соҳибхираду соҳибфарҳанги мо некро аз ботил фарқ карда метавонад ва баъди тамошои қисмҳои филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” ва “Бешарафӣ” чашми мардум боз ҳам кушода шуд.

Мутаассифона гурӯҳҳои ифротӣ боз аз ҳисоби мардуми то андозае мафкураи сиёсиашон пасту ноустувор тарафдорону шарикони ҷиноятии худро зиёд намуда истодаанд. Аз ҷумла, чанд рӯз пеш тариқи оинаи нилгун барномаи “Милитсия хабар медиҳад”, оиди бо иттиҳоми даст доштан бо ТЭТ ҲНИ имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Ҳоҷӣ Абдулғаффори маҳаллаи “Нонвойи поён”-и шаҳри Кӯлоб Маҳмадсодиқ Саидов дастгир гардид. Тибқи иттилои ба даст омада муайян гардид, ки домулло Маҳмадсодиқ тариқи мессенҷер бо роҳбари пойгоҳи иттилоотии “Ислоҳ.нет” сӯҳбат намуда, ба ӯ ҳаргуна маводҳои диниро пешниҳод менамудаст. Ҳангоми аз назар гузаронидани мухотаби онҳо муайян мегардад, ки дар ҳақиқат дар роҳи ғаразноки худ аз домуллои ҷавони 28-сола истифода намудааст. Домулло Маҳмадсодиқ тибқи моддаи 307 иловаҳои 3 ва қисми  2 гумонбар дониста шуда, агар гуноҳаш исбот гардад то ба мӯҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум мешавад.

Аз дасти ТЭТ ҲНИ ва Муҳаммадиқболи Садриддин чандин нафар ҷавонони миллати мо ба роҳи каҷу ғайрисломиву ғайриинсонӣ равона гардиданд. Аммо роҳбарияти ҳизби ифротӣ ва худи Муҳаммадиқбол ин иттиҳомро инкор мекунад ва робитаи худро бо домулло Маҳмадсодиқи Кӯлоби рад менамояд. Офтобро бо доман пӯшонидан нашояд. Ҳар чӣ аён аст, ҳоҷат ба баёну шарҳу тавзеҳ нест.

Аз кулли мардуми мамлакат ва махсусан ҷавонони баору номуси Ватан давъат ба амал меорам, ки ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиёткор бошанд. Ба ҳаргуна гурӯҳ ва созмонҳои ифротиву иртиҷоие, ки бо номҳои миллату Ватан ва ё дину мазҳаб ташкил шудааст ҳамроҳ нашаванд. Оқибати ҷиноят ин пушаймонист. Мумкин гумонбари ҷиноят домулло Маҳмадсодиқи ҷавон ҳам пушаймон аз амалҳои хеш бошад. Аммо ин пушаймонӣ дигар суде надорад. Сад афсӯс, ки як ҷавон қурбони ғаразҳои Муҳаммадиқболи Садриддин гардид!

Қурбонов Ҳ.Ш. – ассистенти

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like