Чашми бади хоинон ба фаъолияти Тоҷикистони соҳибистиқлол

Ҳамватанони муҳтарам вақте, ки ба масъалаи оромӣ, субот ва осудагӣ дар зиндагии мардум фикрронӣ мекунам, доим ба назарам як оилае намудор мешавад, ки танзими ҳамаи паҳлўҳои ҳаёти он то кадом дараҷа мураккаб ва баъзан ҳатто мушкил ҳам мебошад. Ҳол он ки дар бораи давлату давлатдорӣ дар як кишваре сухан мегўем, ки изофа аз 9 миллион аҳолӣ дорад ва давраҳои мудҳиши моҷарои шаҳрвандиро дар таърихи навини худ аз сар гузаронидааст.

Соли гузашта дар тамоми саросари дунё бемории сироятии КОВИД – 19 паҳн гардида то ҳол мардумони зиёд дар ҳамаи кишварҳо аз вай роҳи илоҷ надоранд. Дар кишвари мо низ ин вабои аср бетаъсир набуд ва мисли дигар давлатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои бетаъхир андешида шуда буд. Ба назари ман маҳз ҳамин чораҳо буданд, ки имрўз дар кишвар ба қайдгирии ин беморӣ ба чашм намерасад. Қатъиян талаб кардани риояи қоидаҳои санитарӣ, реҷаи ниқоби тиббӣ пўшидан, риояи масофаи иҷтимоӣ байни мардум ва дигарҳо буд, ки дар мо хуруҷи беморӣ паст гардида, тадриҷан аз байн рафт.

Паҳн гаштани ин талаботҳо нисбати ҷамъомадҳои мардумон, консертҳо, намоишҳо, маҷлисҳои мухталиф ва инчунин намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо аз тадбирҳое буданд, ки аҳамияти аввалиндараҷа дошт, зеро паҳн шудани беморӣ пеш аз ҳама дар мавриди ҷамъомадҳои шумораи зиёди мардумон дар ҳудуди маҳдуд ба чашм мерасид.

Нисбати чунин тадбирҳои фаврӣ ва албатта на он қадар муқаррарӣ қувваҳои бадхоҳӣ кишвар фавран истифода бурда, ба ин амалҳо тобиши сиёсӣ дода мардумонро аз лиҳози мафкуравӣ таъсири манфӣ расониданро оғоз намуданд. Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории КОВИД-19 дар Арабистони Саудӣ ҳоло ҳам барои анҷом додани умраву ҳаҷ иҷозат дода нашудааст. Дар Озарбойҷон ва дигар давлатҳо дари масҷидҳо ҳоло ҳам бастаанд.

Аз ин рӯ, Худоро ҳамду сипосу ситоиши бепоён мегӯем, ки ин балоро аз кишвари мо дур сохт. Ва ба шарофти тадбирҳои саривақтии Ҳукумати ҷумҳурӣ мо тавонистем ин ваборо дастаҷамъона нобуд созем. Аммо риояи қоидаҳои беҳдошт, риояи масофаи иҷтимоӣ, пӯшидани ниқоб ва ҷойнамози алоҳида барои ҳамагон шарту зарур аст. Мо бояд, кӯшиш кунем, ки мабодо масҷидҳо манбаи сироят нашаванд.

Албатта ба андешаи мо баъзе маҳдудиятҳо ба фоидаи ҷамъият мебошад, зеро намозгузорон бемамоният намози худро дар давраи хуруҷи бемории сироятӣ дар хонаҳои худ ба ҷо оварданд. Аммо инро ҳамчун амал муқобили дин ва мардуми мусалмон хондан кирдори фитнаангез ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 8 Конститутсияи кишвар ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Барои ҳамин давлат ҳуқуқи ҳар шаҳрвандро дар интихоб ва пайравии дин эҳтиром ва ҳифз менамояд. Дар мақола дуруст омадааст, ки аз ҷониби ҳизби наҳзат соли 2015 кӯшиши табаддулоти давлатӣ анҷом дода шуд. Аммо ягон тоҷикистонӣ онҳоро дастгирӣ накард! Ин ҳизби хунхор ҳоло ҳам дар андешаи табаддулоти давлатист, бинобар ин мо бояд муқобили чунин ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ муборизаи беамон барем, симои аслӣ ва чеҳраи аҳримании онҳо, ниятҳои разилона ва хоинонаи онҳоро ба мардум фаҳмонем, то ин ки мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус ҷавонони мо ба доми онҳо наафтанд.

Соли 2015 мо шаҳрвандон  пешниҳод намуда будем, ки фаъолияти ҳизби террористии наҳзат дар ҷумҳурӣ манъ карда шавад. Ҳоло бошад мо бояд коре кунем, ки ин фитнаро пурра решакан намоем, зеро Расули акрам (с) фармудаанд: Фитна аз қатл шадидтар аст”.

Бояд иброз намуд, ки дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26 январи соли 2021 иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Аз ин рў мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар атрофи давлату ҳукумати мамлакат ҳалқа зада сиёсати пешгирифтаи сарвари мамлакатро ба пуррагӣ дастгирӣ намоем, зеро маҳз чунин рафтори мардум имконият медиҳад, ки мушкилоти пешомада бо сари баланд паси сар шуда, зиндагии осуда ва фаровони қишрҳои васеи мамлакат таъмин гардад.

Солиев И.М. – н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи

ҳукуқи судӣ ва назорати прокурорӣ ДДҲБСТ

You might also like