Кабирӣ Салимпурро ба Салимпул табдил дод
Имрўз баъд аз пахши навори мустақами роҳбари ба ном Паймони миллӣ ва Иттиҳоди ватанфурушон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати шахсияти Муҳиддин Кабирӣ дурўғгўй ва маккор мехостам фикру андешаи худро баён намоям.
Дар ҳақиқат ҳама шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хуби дарк намуданд, ки Кабирии ҳайвонсират ба ғайр аз вайронкорӣ ва хоинӣ дигар коре аз дасташ намеояд.
Лекин афсус, аз журналистони эҳтиёманд, гурезаҳои бекор, коршиносони корноозмуда, ҷавонони гумроҳро дар хориҷи мамлакат ҷамъ намуда гурўҳи нав ва ё созмони ифротиро ташкил намуд. Аз фаъолияти ифротии худ истифода намуда, аз хоҷагони хориҷии худ маблағҳои калон гирифта, кайфу сафо зиндагӣ мекунад.
Ман ба ҷавонони бо нангу номус ва меҳру мухаббат ба Ватани азизамон муроҷиат карда гуфтаниам, ки зиракии сиёсиро аз даст надода ба чунин «шахсон» гўш надиҳанд ва гумроҳ нашаванд.
Шахсе, ки худро тоҷик меҳисобад ва Тоҷикистонро Ватани хеш медонад бевосита аз он, ки дар дохили кишвар ё берун аз он истиқомат ва кору фаъолият менамояд, ҳама вақт обрўву эътибори Ватан аз ҳама боло меистад, ва барои ободиву осоиштагии ин кишвари худодод ҷони худро дареғ намедорад.
Мо бояд номи ин маккор, беинсоф ва ноодамро (Кабирӣ ва ҳамтабақони ӯро) аз хотир барорем ва ҳама вақт тасаввур кунем, ки дар рўи Замин чунин инсон вуҷуд надорад. Барои дар рўзномаву, телевизион ва радио, саҳифаҳои интернети номашро навиштан ё талаффуз кардан ҳайф бояд донем.
Кабирӣ бо як макру ҳилла журналист Салимпурро ба Салимпул табдил дод ва ўро зердасти худ гардонида ҳамчун лўхтак истифода бурда истодааст. Мо рафтори инро низ маҳкум мекунем, беинсофи ва бевиҷдонии инсон барои пул то чӣ андоза қадру қимат надоштааст. Чунки ин хел шахсон дар назди пулу мол падару модар, бародар хоҳар ва даркор шавад оила ва Ватании худро низ мефурўшад.
Аз ин лиҳоз, боварии комил дорам иғвогарону дасисабозон наметавонанд мафкураи мардуми бафарҳанги миллати тоҷикро халалдор созанд.
Дадоматов Д.Н. – н.и.и., дотсент, мудири
кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ