Фаъолияти тахрибкорӣ ТЭТ ҲНИ дар Афғонистон
Ҳоло терроризм беш аз пеш хатари фаромиллӣ ва умумибашариро касб намудааст. Агар ба таври дигар гӯем терроризм дар минтақаҳои алоҳида ва том ва умуман ба тамоми ҷаҳон доман паҳн карда истодааст.
Давлатҳои шомили СҲШ ва ИДМ Ҳизби наҳзати исломиро террористӣ ва экстремистӣ (ТТЭ ҲНИ) эътироф карданд. Маълумот дар бораи аъзои ТТЭ ҲНИ, дар баробари ДИИШ, «Ал-Қоида», ҳаракати «Толибон» ва дигарҳо таҳти рақами 79 ба Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, ҷудоихоҳ ва экстремистӣ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ (Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон), манъ аст, шомил карда шудааст. Маҳз роҳбарият ва аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ ба рӯйхати ягонаи шахсони кофтуковшавандаи алоқаманд ба фаъолиятҳои террористию экстремистӣ шомил карда шудаанд.
Дар асоси Қарори Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки ба он Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Россия шомиланд, ТТЭ ҲНИ ба Феҳристи ягонаи ташкилотҳои дар қаламрави кишварҳои узви СААД террористӣ ва экстремистӣ эътирофшуда низ ворид карда шудааст. Феҳристро мақомоти салоҳиятдори онҳо ҳангоми амалиёти якҷояи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ба инобат мегиранд.
Имрӯз ТТЭ ҲНИ бо иштирок, маблағгузорӣ ва таҳти роҳбарии бевоситаи хадамоти махсуси давлатҳои хориҷӣ фаъолиятҳои ҷиноиро алайҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони он, инчунин хориҷиёне, ки дар ин ҷо қарор доранд, идома медиҳад. Соли гузашта мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ҳамлаи террористиро дар маҳалли ҷойгиршавии Пойгоҳи ҳарбии 201-и Россия дар Душанбе пешгирӣ карданд, ки онро 13 нафар аъзои ТТЭ ҲНИ, ки дар назди инструкторони хориҷӣ омодагии диверсионӣ гузаштаанд, мехостанд анҷом диҳанд. 29 июли соли 2018 аъзои ТТЭ ҲНИ нисбат ба сайёҳон аз кишварҳои ИА ва ИМА ҳамлаи ваҳшиёна анҷом доданд. Дар маҷмӯъ, дар тӯли солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷангиёни мусаллаҳи ҲНИ беш аз 150 шаҳрванди хориҷиро, аз ҷумла кормандони созмонҳои байналмилалӣ, фаъолони ҳуқуқи башар, дипломатҳо, рӯзноманигорон, намояндагони дигар динҳо ва нозирони СММ-ро гаравгон гирифта, куштанд.
Масъулини Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон собит намуданд, ки наҳзатиёни террорист дар қаламрави ин кишвари ба мо ҳамсоя солҳост, ки арзи вуҷуд доранд ва ҳоло нақшаи кашидани доманаи ҷанг ба давлатҳои Осиёи Миёна ва Чинро амалӣ карданианд! Ин нукта санаи 18-уми феврал дар Конфсронси сатҳи минтақавие, ки дар Кобули Афғонистон бо сарпарастии Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон доир гашт аз забони роҳбари амнияти ин давлат ҷаноби Аҳмадзиё Сироҷ гуфта шуд. То ин дам ин хабари мазкурро ҷониби ТЭТ ҲНИ инкор мекард. Аммо баъди бурдани корҳои амниятӣ муайян шуд, ки як қаноти ҳарбии ТЭТ ҲНИ фаъолияти ҷиноии худро бурда истодааст. Дар хабар чунин омадааст, ки “дар баробари ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбекистон (ҲИӮ), «Ансоруллоҳ»-и Тоҷикистон ва Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ (ҲИТШ), аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) низ ном бурд”. Кабирии палид гарчанде ту худатро мусичаи бегуноҳ ҳам гирӣ, рӯз аз рӯз аз ҳар гӯшаи ҷаҳон амалҳои нопоки ту ва дигар шарикони ҷиноият ошкор шуда истодаанд!
Террори наҳзат ҳамчун воситаи амалӣ намудани мақсад, маром ва ниятҳои хатарноку нопок, тамаъҷӯӣ манфиатҳои хеш зуҳурот ё падидаи ниҳоят хатарнок, даҳшатовар барои ҷомеа ва амнияти мардум мебошад. Дар истифодаи таҳдиду фишор, зӯроварӣ, бераҳмӣ, қатлу куштор ва дигар амалҳои ғайриинсонӣ террористон ҳама бо ҳам монанд ё аз як ҷинсанд.
Хӯҷамқулов Р.Б. – сармуаллими
кафедраи технологияҳои иттилоотӣ
дар иқтисодиёти ДДҲБСТ