Ободкорӣ рисолати аслии устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ аст!

Ба истиқболи таҷлили ҷашни пуршукӯҳи умумимиллӣ 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани “1300 рӯзи меҳнати зарбдор”, ҷомеаи меҳнатии устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ иқдом намуданд.

Зимни ироаи Паёми худ ба мақоми олии қонунгузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи самаранок истифода бурдани замин ва кабудизоркунии муҳити атроф истода гузаштанд. Иҷрои дастуру супоришҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллатро кулли шаҳрвандони мамлакат ва ҷомеаи меҳнатии ДДҲБСТ сармашқи кору фаъолияти худ қарор доданд.

Аз субҳи содиқ барои боз ҳам зебову хуррам гардидани гирду атрофи бинои таълимии донишгоҳ ба корҳои тозаву ободкорӣ камари ҳиммат бастанд. Ҷоиз ба зикр аст, ки мавзеи мазкур солиёни зиёд ҳамчун замини корношоям ҳисобида мешуд, хушбахтона дар остонаи фасли баҳори нозанин беш аз 100 бех дарахтони ҳамешасабз ва нодири навъи арча шинонида шуд.

Тибқи иттилоои мутахассисони соҳаи кишоварзии донишгоҳ, ҳангоми шинонидани ниҳолҳои ороишӣ ва ҳамешасабз решаи ин гуна ниҳолҳоро бояд бо хокашон шинонидан зарур аст. Ин навъи дарахтони арча ба иқлими муҳити мо мутобиқ буда, дар муддати ниҳоят кӯтоҳ қад мекашанд ва бо сояи худ муҳити атрофро боз ҳам  зебо мегардонад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like