Мақоми соҳаи илму маориф дар Паёми Президенти мамлакат
Ҳамасола Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарорӣ ва шаҳрвандони мамлакат ироа мегардад. Зимни Паём роҳбари давлат сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро ба таҳлил кашида, бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқро баён медоранд. Дар қатори дигар соҳаҳо, ба соҳаи илму маориф, фарҳангу маърифат ва ҷавонон давлат ва Ҳукумати мамлакат аҳамияти ҷиддӣ дода, мақому мартабаи илму маориф, маънавиёту маърифат, заҳмати омўзгорону устодон ва саъю талоши донишҷўёну хонандагон, яъне насли ояндасози миллатро таъкид медоранд.
Ин таваҷҷӯҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо кулли устодону омӯзгорон илҳом бахшида, моро водор менамояд, ки бо қувваву нерӯи дучанд аз паи таълим ва тарбияи насли ҷавон гардем. Дар ин ҷода мо омӯзгорон бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву динӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва тарбияи шаҳрвандони ватандӯст камари ҳиммат баста, баҳри гирифтани пеши роҳи шомилшавӣ ва гаравиши ҷавонон ба ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ тадбирҳои зиёдеро амалӣ хоҳем намуд.
Бешубҳа, бузургтарин дастоварди Эмомалӣ Раҳмон ин барқарор намудани сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳким бахшидани Истиқлолият дар Тоҷикистон аст. Маҳз ба шарофати хирадмандӣ, ҷасорат, мардонагӣ ва қадамҳои устувори ин абармарди замон, халқ тоҷик аз вартаи фалокат раҳоӣ ёфта, давлати куҳанбунёди халқи тоҷик аз нав барқарор гардид. Иродаи мустаҳками Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар муддати кўтоҳ тамоми вайронаву ҳисорот барқарор шуда бар замми ин иншоотҳои наву азими замонавӣ низ бунёд гардиданд.
Ба шарофати таъмини сулҳу ваҳдат Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки пойдевори мустаҳкамро бо мақсади гузаштан ба даврони барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои бунёдкорӣ гузорад. Айни ҳол соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 150 давлати дунё расман эътироф намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлолу дунявӣ бо мақсади ба роҳ мондан ва татбиқи сиёсати дохилаву берунаи кишвар ва ҳимояи ҳуқуқи инсон новобаста аз миллат, нажод ва мансубияти динӣ як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро, аз қабили Низомномаи СММ, Қарори хулосавии Хелсинки ва Декларасияи Порис ва дигар санадҳои байналхалқиро эътироф кардааст. Дар ин замина Эмомалӣ Раҳмон саҳми босазоро дар баланд бардоштани обрўву нуфузи Тоҷикистон бо роҳи ҳалли муаммоҳои глобалӣ гузошт. Борҳо ў аз минбари баланди СММ баромад намуда, диққати аҳли ҷомеаи ҷаҳониро на танҳо ба муаммоҳои Тоҷикистон, балки масъалаҳои Афғонистону Сурия, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир, рушди нобаробари давлатҳои ҷаҳон,таъмини инсоният бо оби тозаи нўшокӣ ҷалб намуда, аз ҷумла ў аҳли ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳалли мушкилоти Афғонистон даъват мекунад, зеро маҳз ана ҳамин давлат ба маҳзани асосии терроризму экстремизм табдил гашта истодааст.
Тўли 30 соли Истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дилпурона бо роҳи бунёди давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ қадам ниҳода истодааст ва мо маорифчиёни кишвар дар ин роҳи нек ҳамсафари Пешвои миллат мебошем.
Салимова М.Қ. – н.и.п., дотсенти
кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ