Либоси миллӣ – фарҳанги миллӣ
Баъди ба даст омадани соҳибихтиёрӣ имконият барои рушди соҳаҳои хоҷагии халқ ба миён омад. Аз ҷумлаи он соҳаи фарҳанг ба ҳисоб меравад, ки ҳам қадами истиқлолият як маром рушд ёфта истодааст. Лек баъзе аз шаҳрвандони мамлакати мо ба ҷои рӯй овардани ба фарҳангу либоси миллӣ даст ба либосҳои бегона заданд, ки ҳолати тааҷҷубоварист.
Асосан сатру ҳиҷоби сиёҳ дар байни занону духтарон то солҳои 2000-ум чандон ба назар намерасид. Раванди сатрпӯшӣ байни духтарону занон баъди модда (популярность) шудани либосхои туркӣ сар шуд. Як катор соҳибкорон аз Туркия либосхои ба ном исломиро овардаанд, ки занҳо бо ҳавас онро бабар карданд. Аз ин сабаб шумораи шахсони бо либоси бегона мегашта хело зиёд шуд.
Агар ба таърих назар афканем то омадани русҳо ба Осиёи Миёна занҳои тоҷик бо либси миллӣ худ зиндагӣ мекарданд. Дар хонаву кӯча бо руймолу либоси шинамро мепушиданд.
Дар Точикистон шумораи духтарони сатру ҳиоби сиёҳпўш зиёд шуда истодааст, ки ташвишовар аст. Аз ҷониби бархе хоинони миллат аз хориҷи мамлакат истода чунин сару садоҳои беасосро бароварданд,ки гӯё давлат қонун дар бораи манъи либоси сатрро қабул карда бошад. Лек чунин нест! Зеро давлат барои ҳифзи арзишҳои милливу маданӣ тамоми корҳои назаррасро иҷро менамояд. Аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” чунин гуфта шудааст:
– Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқи ӯҳдадоранд рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла, забони давлатӣ ва либосхои миллиро ҳифз намоянд.
Равандҳои ҷаҳонишавӣ чӣ ҷанбаҳои мусбӣ ва чӣ ҷанбаҳои манфии худро дорад. Дар ин раванд пурзӯршавии омўзиши шадиди арзишҳо масъалае мебошад, ки баҳри пойдории фарҳангҳо таззодҳои зиёдро пеш меовард. Пурзӯршавии ин раванд, инчунин, ба қувватгирии таъсирҳои гуногуни иттилоотӣ низ вобаста буда, рушди технологияҳои иттилоотӣ баҳри ин замина фароҳам меоварад.
Бинобар ин, нигоҳ доштани ҳуввияти фарҳангӣ дар шароити муосир басо муҳим мебошад. Либос ҳам дар ин раванд яке аз василаҳои муассири муаррифии миллат ба ҳисоб меравад. Мо имрӯзҳо дида истодаем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри муаррифии фарҳангу миллии мо дар арсаи ҷаҳонӣ чи гуна талошҳо карда истодаанд. Вале, бархе аз занону духтарон, ба ҷои муаррифии фарҳанги миллии худ, баръакс, ба таблиғи фарҳангӣ бегона машғуланд, ки ин хеле нанговар аст.
Аҷиб, магар ҳамин сатрпӯшон набуданд, ки дар кишварҳои гуногуни олам садҳо таркиш кардаю ҳазорон ҷони бегуноҳонро қурбон намуданд? Магар бо пӯшидани чунин либос онҳо сабаби нақзи ҳуқуқи дигарон нестанд? Магар онҳо нестанд, ки намоишкорона ба қавли худ сатр хусумати динию иҷтимоиро ба миён меоранд? Ин гуна рафтор ба кадом Конститутсия мувофиқ аст? Беҳуда нест, ки имрӯз дар бисёр кишварҳои олам, ки аз терроризм зарар дидаанд, дар мавриди пӯшидани сатр қонунҳои манъкунада қабул шуда истодаанд.
Воқеан ҳам рафтору кирдори тоҷиконаро аз оила бояд омӯхт, вале ҳаргиз онҳо сатри сиёҳро ба бар накардаанд. Он чӣ, ки тоҷикон дар маросими азо, ҳаҷ, тӯю сур, либоси худро тағйир медиҳанд, чизи маъмулист ва аммо дар рӯзҳои муқаррарӣ либоси оддӣ ба бар мекунанд, ки инро касе манъ накардааст. Қонунҳои кишвари мо ба ҳама кафолат медиҳад, ки зиндагиашро дар зери ҳимояи ҳамин қонунҳо созмон диҳад. Вале, ин маънои онро надорад, ки аз онҳо суиистифода намуда, ба зарари ҷамъият амале ба миён оранд, тавре ки як қисми сатру ҳиҷобпӯшон мекунанд ва асли мақсад низ ба ҷомеа расонидани ҳамин ҳақиқат буд, на чизи дигар. Бубинед, тасмим дар бораи пӯшидани занону духтарони мо либоси миллӣ (атласу чакан) кӯчаю хонаамонро чӣ гуна зеб дод.
Бо мақсади риояи тарзи либоспӯшӣ ва ташвиқи фарҳанги либосҳои миллӣ Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба шаҳрвандони кишвар пешниҳод гардид. Ин дастур хусусияти тарбиявӣ дошта, баҳри ба танзим даровардани тарзи либоспӯшии миллӣ равона шудааст ва пеши роҳи хурофоту бегонапарастиро гирифта, воситаи муҳими тарғиби либосҳои муосири миллӣ ва муаррифии миллату кишвар мегардад
Барои пешгирӣ аз ин раванд боло бурдани эҳсоси ифтихори миллӣ бағоят муҳим буда, ба мо зарур аст, то ба ҷомеа ҳар чӣ бештар либоси миллӣ, моҳият, мазмун ва шакли онро тарғиб намоем. Мутаассифона, бархе аз занону духтарони мо байни либоси миллии мо ва либоси бегона дар мавриди риояи ниёзҳои мазҳабии худ фарқ гузошта наметавонанд ва ҳамон сатру ҳиҷоби бегонаро ҳамчун либоси миллӣ қабул кардаанд.
Дар охир бояд таъкид кард, ки масъалаи либос ин масъалаи як порча матоъ нест. Либос ҳамчун рукни фарҳанги миллӣ ба ҳисоб меравад ва онро бояд ҳифз намуд.
Ҷӯраев Ф.М. – н.и.и., дотсенти
кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо
ва соҳибкории ДДҲБСТ