ДДҲБСТ ба рейтинги донишгоҳҳои ҷаҳонӣ ворид мешавад
Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ, мулоқот бо кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат ва ба ифтихори Рўзи дониш баён доштанд, илҳоми тоза гирифта, бо иҷрои нақшаҳои тарҳрезишуда ба дастоварду муваффақиятҳои беназир ноил гардиданд, иброз кард ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон.
Роҳбари донишгоҳ иброз намуд, ки дар соли таҳсили 2020-2021 ихтисосҳои информатика, омор, иқтисодиёт, сиёсатшиносӣ (фаъолияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ), фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, санҷиши судӣ, идораи давлатӣ ва ҳуқуқ, соҳибкории иҷтимоӣ, иқтисодиёти рақамӣва ихтисосҳои омўзгорӣ: омўзгори асосҳои давлат ва ҳуқуқ, математика ва информатика, забонҳои англисӣ ва назарияи иқтисодиёт ҷорӣ шуда, ба ин ихтисосҳо 443 нафар донишҷўён қабул шуданд.
Дар идомаи нишасти матбуотӣ таъкид шуд, ки ҷиҳати такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ машғулиятҳо дар 16 гурўҳи академӣ бо забони русӣ, 8 гурўҳи академӣ бо забони англисӣ ва 2 гурўҳи академӣ бо забони хитойӣ гузаронида мешавад.
Роҳбари донишгоҳ аз дастоварди устодону донишљўён њарф зада, иброз намуд, ки соли 2020 барои дастоварди назаррас дар таълиму тарбияи ҷавонон 1 нафар бо Ҷоизаи ба номи И.Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илму маориф, 2 нафар бо медали “Хизмати шоиста”, 4 нафар бо нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 24 нафар бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд. Дар олимпиадаи Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷўён Нуронидин Азизов аз фанни физика, Шавкат Рофиев аз фанни технологияҳои иттилоотӣ, Нигина Авезматова аз фанни химия, Фарҳод Темуров аз фанни астраномия иштирок карда,ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд. Дар даври вилоятии озмуни“Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” донишҷўён – Шаҳзод Абдуллоев сазовори ҷойи аввал ва ба маблағи 8000 сомонӣ ва Манижа Ҳидоятова сазовори ҷойи дуюм ва ба маблағи 6000 сомонӣ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд қадрдонӣ шуданд. Дар даври ниҳоии озмун ду нафар донишҷӯёни донишгоҳ- Шаҳзод Абдуллоев ва Манижа Ҳидоятова фаъолона иштирок намуда, бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд. Дар озмуни вилоятии“Донишҷўи сол-2020” аз рўи равияи фанҳои гуманитарӣ сазовори ҷойи якум гардидани Рустам Қориев, дар равияи фанҳои дақиқ сазовори ҷойи дуюм гардидани АслияАбдуллоева боиси ифтихору сарфарозист. Илова шуд, ки айни ҳол теъдоди гирандагони стипендияҳои номӣ: стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон – 2 нафар, стипендияи раиси вилояти Суғд-26 нафар, стипендияи раиси шаҳри Хуҷанд-4 нафар, стипендияи раёсати донишгоҳ-44 нафар донишҷўёнро ташкил медиҳад. Соли ҳисоботӣ 4 нафар рисолаи докторӣ ва 14 нафар омўзгорони ҷавон рисолаҳои номзадиро бомуваффақият ҳимоя намуданд. Дар Шўрои диссертатсионии назди донишгоҳ 5 рисолаи илмӣ ба дифоъ расиданд. Тибқи фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия ба 1 нафар устодон дипломи дараҷаи номзади илм дода шуд. Дар асоси фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 нафар бо аттестати профессорӣ, 3 нафар бо аттестати дотсентӣ, 1 нафар сазовори дипломи дараҷаи докторӣ ва 8 нафар сазовори дипломи дараҷаи номзади илм гардиданд.
Дар доираи эълон гардидани «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» аз соли таҳсили 2020-2021 ихтисосҳои информатика, математика-информатика, соҳибкориииҷтимоӣ, иқтисодиёти рақамӣ ҷорӣ гардида, ба ихтисосҳои зикргардида 178 нафар дохил шуданд. Ҳимояи як рисолаи номзадӣ дар риштаи илмҳои физика- математика, ғолибияти донишҷўён дар онлайн-олимпиадаи байналмилалии кушоди донишҷўён, олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикситон аз фанни математика, таълифи 3 китоби дарсӣ, 25 мақолаи илмӣ ва 5 дастури таълимию методӣ, баргузории конференсияи илмию амалии олимону профессорон ва муҳаққиқони ҷавон таҳти унвони «Рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар низоми ташаккулёбии иқтисодиёти рақамӣ», ҷоннок намудани фаъолияти маҳфилҳои илмии “Риёзиёт дар иқтисодиёт”, «Олами математика», “Ҳозирҷавобони математикӣ”, тибқи нақшаи типпии таълимии зиёд шудани миқдори кредитҳои фанҳои риёзӣ- табиатшиносӣ ва техникӣ аз тадбирҳои муҳим ба ҳисоб меравад,- қайд кард роҳбари донишгоҳ.
Аз ҷониби озмоишгоҳи инноватсионӣ ва Парки технологии донишгоҳ тавассути барномаи Пешсаф 25 лоиҳаи донишҷўён пешниҳод шуд, ки 13 лоиҳа амалӣ гардид. Бахусус, дар доираи татбиқи амалии лоиҳаҳои“Пешбурди стартап”дарТоҷикистон ва “Руҳбаланд ва ҳавасмандгардонии ҷавонон барои оғози бизнес” 70 нафар соҳибкорони ҷавон ва 20 нафар омӯзгорони 4 донишгоҳҳои вилояти Суғд ҷиҳати такмил додани барномаҳои иноватсионии соҳибкорӣ дар ДДҲБСТ ба омўзиш ҷалб карда шуданд.
Ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ густариш ёфта, миқдорисозишномаҳо бо муассисаҳоиилмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ ва фарҳангии ватаниву хориҷӣ ба 70 адад расонида шудааст. Шартномаҳои ҳамкорӣ бо 34 муассисаи илмию таълимии Федератсияи Русия, 10 муассисаи ватанӣ, 13 муассисаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 4 муассисаи ҶумҳурииҚирғизистон, 2 муассисаи Латвия, 2 муассисаи Украина, 4 муассисаи Қазоқистон, бо 1 муассисаҳоиҶопон, ИМА, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Белорусия, Хитой ва Ҳиндустон баста шуданд.
Дар асоси ҳамкориҳои мутақобила бо Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд, Донишкадаи молияи Тошканд ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон сохтори нави таълимӣ ташкил карда шуд. Факултети муштараки навтаъсис аз рўи ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ ва ҳуқуқи байналхалқӣ, инчунин кори бонкӣ ва молия ва қарз дар сатҳи стандарти ҷаҳонӣ мутахассисонро омода менамояд.
Роҳбари донишгоҳ иброз намуд, ки бунёд ва ба истифода додани толори варзишии замонавӣ, бинои факултети муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон, азнавсозӣ шудани даромадгоҳи бинои асосӣ, ба пуррагӣ аз таъмир баровардани маҷлисгоҳи бинои асосӣ, сафолакпўш шудани атрофи биноҳои таълимии донишгоҳ ва майдонҳо, шинонидани дарахтҳои мевадиҳандаю ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ далели омодагии аҳли донишгоҳ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
Дар қисмати дуввуми нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори умум перомуни таъсири бемории ҳамагири COVID-19 ба ҷараёни таълим, ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ, чӣ тавр ҷараён гирифтани раванди таҳсил дар факултети муштарак, натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои грантӣ, саҳми мутахассисони омодакардаи донишгоҳ дар рушди соҳае, ки кору фаъолият доранд -саволҳо пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа





