Паёми Пешвои миллат раҳнамои ҷавонон

09 феврали соли равон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  мулоқоти муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ бо устодону донишҷӯёни ин муассисаи касбии олӣ баргузор гардид. Вохӯрӣ бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас ректори донишгоҳ профессор Муъмин Шарифзода меҳмононро муаррифӣ ва ҳадафи мулоқотро баланд бардоштани ҳиссӣ ватандӯстии ҷавонон, эҳтироми арзишҳои миллӣт ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ маънидод кард.

Муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ зимни суханронӣ афзуд, ки ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии мамлакат ба ҷавонони кишвар таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд. Дастгирии ин табақаи ҷомеа  ба таври доимӣ аз сӯи  давлату ҳукумат ба назар мерасад. Инчунин, сардори раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят Мирзоқосим Каримзода йайд кард, ки  вазъи ҷаҳони муосир мураккаб гардида, гуруҳҳои манфиатҷу ба ҳар роҳу восита хостори амалӣ намудани нақшаву ниятҳои нопокашон мебошанд. Бинобар ин мо ҷавононро зарур аст сарҷамъу муттаҳид гардида, дар ҳифзу ҳимояи арзишҳои давлатӣ,  саҳмгузор бошем.

Дар идомаи мулоқот таъкид шуд, бояд ҳар яки мо ҷавонон содиқона дар назди халқу Ватан баҳри расидан ба ормонҳои миллӣ, эҳтирому гиромидошти арзишҳои миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии давлат, таҳдиду хатарҳои замони муосир, хусусан, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва пайомадҳои ногувори онҳо ба саломатии аҳолӣ ва зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизм, ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ҳушёру фаъол ва барои ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату халқи худ ҳамеша омода бошем.

Дар интиҳо гуфта шуд, ки ҷавонон махсусан донишҷӯён бояд Паёмро дақиқу амиқ омӯзанд ва дар амалигардии дастуру супоришҳои зикргардида камари ҳиммат банданд. Мулоқот бо саволу ҷавоби донишҷӯён бо меҳмонон ба интиҳо расид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like