Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллатдар беш аз 200 гуруҳҳои академии ДДҲБСТ
Тибқи нақша-чорабиниҳои Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар тамоми факултетҳои донишгоҳ мулоқоту вохӯриҳо дар мавриди шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилу баргузор гардиданд.
Дар ҳама факултетҳои донишгоҳ соатҳои тарбиявӣ ба роҳ монда шуда, дар тамоми гуруҳҳо намояндагони раёсати донишгоҳ бо мақсади шарҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва баромад карданд.
Дар ду баст дар 204 гуруҳҳои академӣ соатҳои тарбиявӣ гузаронида шуд, ки дар он барои донишҷӯён нуктаҳои Паёми Сарвари давлат шарҳу тавзеҳ гардида, донишҷӯён низ дар мавзӯҳои алоҳида баромад карданд. Ҷараёни баргузории соатҳои тарбиявӣ аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ назорат карда шуд.
Зимни баргузории дарсҳои тарбивӣ дар ҳама гуруҳҳо вобаста ба ихтисос самтҳои Паёми Пешвои миллат шарҳу тавзеҳ шуда, инчунин тариқи саволу ҷавоб дониши донишҷӯён санҷида шуд. Дар баъзе гуруҳҳо устодону донишҷӯён дар мавзӯҳои алоҳида мисли “Паёми Сарвари давлат таҳкимбахши рушди минбаъдаи кишвар”, “Инъикоси самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми Пешвои миллат”, “Ҷабҳаҳои рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси олӣ”, “Инъикоси масъалаҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ дар Паёми Пешвои миллат” ва “Паём – муждаи нав барои рушди ҷомеа” маърӯза намуданд.
Дар ҷараёни соатҳои тарбиявӣ иброз карда шуд, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Дар кафедраву факултетҳои донишгоҳ инчунин вобаста ба тавзеҳи паҳлӯҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар мулоқоту вохӯриҳои судманд баргузор гардиданд. Дар мулоқоту вохӯриҳо гуфта шуд, ки дар маҷмуъ муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як сокини кишвар дастуру раҳнамо ва қутбнамои фаъолият мебошад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




















