Барои Кабирӣ дег ҷӯшаду гӯр сӯзад
Дар раванди ҷаҳонишавӣ ҷой ва мавқеи худро ёфтан хело мушкил ва душвор мебошад. Бо вуҷуди он кишвари тозаистиқлолӣ мо бо қадамҳои устувор ба ҳамаи мушкилотҳои замони муосир нигоҳ накарда ба пеш рафта истодааст. Вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии аҳолии кишвари мо рўз аз рўз хубтару беҳтар гардида истодааст. Ин ҳама пешравиҳоро мо дар ҷамбасти солона, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа мегардад ва ба як анъанаи хуб табдил ёфтааст, ҳамасола дармеёбем.
Паёми Пешвои миллат дар шароите баён гардид, ки Тоҷикистони азизи мо дар остонаи таҷлили муҳимтарин ҷашнвораҳои сиёсиву фарҳангӣ, таҷлили 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад.
Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат моҳияти равандҳои асосии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амиқ арзёбӣ гардида, масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат ҳамаҷониба баррасӣ гашта, барои рушди устувори ҳар як соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуданд.
Дар ин ҷо қайд намудан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натанҳо дастовард балки камбудиҳои ҷойдоштаро ва инчунин сабабҳои онҳоро гуфта гузаштанд.
Вале мутасифона бархе аз шаҳрвандони мо, ки дар хориҷи кишвар бо маблағгузории хоҷагони берунаи худ, гурўҳҳои ғайриқонунӣ ва сомонаҳо кушода худашонро «коршиносон», «сиёсатмадорон» муаррифи намуда, мехоҳанд мардуми тоҷикро гумроҳ намоянд. Барои амали намудани ин мақсадҳои худ онҳо аз тамоми роҳу восита истифода мебаранд. Алалхусус дар сомонаҳои худ овардани таҳлилҳои бардурўғи зидди ҳукуматиро ба чоп мерасонанд. Бо вуҷуди онки ин гурўҳҳои ғайриқонунӣ ташкилшуда дар дохили кишвар қарор надоранд, онҳо оиди вазъияти дохилидавлатӣ хабарҳо паҳн менамоянд, ки онҳо асос надоранд. Вале барои онҳо ин муҳим нест, ки ин суханҳои онҳо бофтаю дурўғ аст, балки барои онҳо ин муҳим аст, ки ягон мақола чоп намоянд ва дар ивази он маблағи муайян гиранд. Аз ин лиҳоз ба онҳо ҳақиқат умуман даркор нест.
Бояд қайд намуд, ки дар дунё давлате ёфт намешавад, ки дар он тамоми камбудиҳо бартараф шуда бошанд. Дар давлатҳои пешрафтатарин низ шахсе ёфт мешавад, ки аз шароити барои ў фароҳам овардаи ҳукумату давлат норозӣ бошад.
Инчунин вазифаи давлат низ аз ҳамин иборат аст, ки шароитро барои шаҳрвандонаш фароҳам оварад ва камбудиҳои ҷойдоштаро вобаста ба вазъият ва имконияти давлату ҳукумат бартараф намояд. Ҳукумати кишвари мо низ бо сарварии Президенти кишвар барои баланд бардоштан ва шароити фароҳам овардан барои ҳар як шаҳрванди худ заҳмат карда истодааст ва дар оянда низ мекунад. Вале дар як лаҳза сатҳи зиндагии мардумро, ки дирўз аз ҷанги бародаркўш баромада аз парокандагӣ наҷотёфтаро баробари кишварҳое, ки тӯли чанд аср мешавад, ки ташкил шуданд ва чунин ҷангро аз сар нагузарониданд карда намешавад. Вале дастоварди давлати мо барои дигар давлатҳо намунаи ибрат мебошад. Зеро кам давлатҳое буданд, ки баъд аз сар задани ҷанги шаҳрвандӣ онро ба зуддӣ хомуш карда бошанд ва дар як муддати кӯтоҳ ба чунин сатҳ, ки кишвари мо расидааст, расида бошад. Барои мисол мо метавонем ҳамсоякишвари худамон Ҷумҳурии исломии Афғонистон ё Ҷумҳурии Украина, Сирия, Ироқ, Ливия… ва ғайрарор бинем, ки тули чанд солҳо мешавад, ки дар ин кишварҳо ҷанги шаҳрвандӣ давом карда истодааст вале то имрўз ин масъала роҳи ҳалли худро наёфтааст.
Буд замоне, ки мо чунин рўзҳои хушро, ки имрўз дорем орзу мекардем. Аҳолии кишвар ҳеҷ бовари надошт, ки ин ҷанги хономонсўз пешгирӣ карда мешавад, гурезагон ба хонаҳои худ бармегарданд, гуруснагӣ аз байн меравад, хонаҳо ва вайронаҳои ҷанг бартараф ва обод мешавад, мардум ҳамдигарро мебахшанд, ба хонаи ҳамдигар ба меҳмонӣ мераванд, дасти ҳамдигарро дубора мегиранд, аз як минтақаи кишвар ба минтақаи дигари он бе ягон тарсу ҳарос мегузаранд, вале имрўз ҳамаи ин гуфтаҳо алакай амалӣ гардидаанд. Дар ин ҷода нақши халқ ва алалхусус роҳбари интихобнамудаи онҳо Эмомалӣ Раҳмон бе ниҳоят калон аст. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро дар кафи даст гирифта барои ҳарчи зудтар ба кишвар овардани сулҳу субот заҳматҳои шабонарўзӣ кашидаанд. Билоҳира ин заҳматҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самараи нек дода ҷонибҳо ба созиш омаданд.
Дар ин давра мо тавонистем, ки бо сарварии Пешвои дурандеши худ, кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ барорем, масъалаи ба аҳоли таъмин намудани қувваи барқ низ роҳи ҳали худро ёфта мо дар арафаи ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ қарор дошта, барои амали намудани нақшаи дигар стратегӣ, яъне таҳмини аҳолӣ ба озуқа мебошад, ки дар ин ҷода низ пешравиҳои бузур шуда истодааст.
Кишвари мо дар якҷоягӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар соли равон бо бемории пайдошуда ва дар тамоми ҷаҳон паҳнгардидаи COVID -19 рў ба рў шуданд. Тамоми давлатҳои ҷаҳон ва аз он ҷумла давлатҳои абарқудрат ба монанди Амрико ва Аврупо бо ин вабои аср мубориза бурда истодаанд. Бо вуҷуди доштани иқтидор ва имкониятҳои калон алалхусус дар самти тандурустӣ то имрўз натавонистанд, ки ин бемориро дар кишварашон пурра нест кунанд. Вале дар кишвари мо расман аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардид, ки саркарда аз моҳи январ дар Тоҷикистон дигар беморони бемории COVID -19 ба қайд гирифта нашудааст. Ин ҳам як дастоварди калон ба ҳисоб меравад. Вале барои ин гурўҳҳои ғайриқонунӣ ин ҳам дастовард ба ҳисоб намеравад, ҳол онки дар бисёре аз давлатҳои дунё то ҳол ба ин бемори мубориза бурда истодаанд ва барои онҳо дастоварди бузур мешавад агар ин бемориро нест кунанд.
Вале чунончи дар боло зикр карда шуд, барои ин гурўҳҳои ғайриқонунӣ ташкилшуда, муҳим на дастовард, балки туҳмату буҳтонҳоро нисбати давлату ҳукумати хеш навиштан ва маблағ ба даст овардан асту халос.
Давлатов У.Н. – ассистенти кафедраи
муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ