Хабарҳои иғвоангезӣ собиқадарони наҳзатӣ
Дар ҷавоб ба ашхосоне, ки дар шабакаи иҷтимоӣ худро “собиқадорон, нафақахӯр, ветерани меҳнат, ҷонибдор ва пайравону тарафдори ТЭТ ҲНИ ва Паймони миллӣ” муаррифӣ карда, хабарҳои иғвоангез паҳн мекунанд, қайд кардан лозим аст, ки бо ин кирдори худ онҳо бояд тибқи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти таъқиби ҷиноятӣ қарор гирифта, расман маҳкум карда шаванд.
Новобаста аз ин гуна омилҳои ифротӣ нигоҳи иҷтимоӣ ба дастовардҳои истиқлолияти миллӣ пайваста ташаккул меёбад. Мардуми Тоҷикистон хуб дарк мекунанд, ки новобаста аз мушкилот ва паёмадҳои манфӣ дар замони муосир ба қадри истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордил баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст. Лекин, муқаддасот, дастовард, пешравиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳаёти мардуми мо ҳаргиз мақбули ивғогарон намешавад!
Насли имрӯза акнун пурра дарк менамояд, ки дар лаҳзаҳои душвортарини давлатдории мо шахсе ба саҳнаи сиёсат омад, ки вай дар талоши ваҳдату адолат, ҳифзи диёри аҷдодӣ, сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ пешвою дардошнои мардум гашта, дар пайраҳаи пур аз печутоби зиндагӣ, дар ҷустуҷўи роҳҳои ҳалли мушкилоти мардум тамоми ҳастии худ, ҳаёту қисмати худ, бурду бохти худро бо тақдири Ватан ва миллати худ пайваст. Бинобар ин, надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавии фарҳангии он, дар интиҳо шахсро, хусусан дар ин шароити ҷаҳонишавии фарҳангҳо ва муқовимати иттилоотӣ дар шабакаи иҷтимоӣ, ба инкори ҳақиқати гузашта, тамаддуни миллӣ, бегонапарстию қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.
Воқеан, мо шоҳиди он ҳастем, ки дар як вазъияти тақдирсози миллатамон вориси сиёсатмадор, пешвои адолатхоҳ ба саҳнаи давлатдории нави тоҷикон омада, тавонист фазои сулҳу суботро дар кишварамон барпо ва ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти давлатиро таъмин намояд, ба эъмори давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ таҳкурсии боэътимод гузорад. Наслҳои имрўзаву оянда бояд огаҳӣ дошта бошанд, ки ин шахсияти бузург, оқилу содиқи миллат ва Ватан-модар бо кадом қиммат ба эҳёи миллати тоҷикон, якпорчагии Тоҷикистон, осоишу оромии ҳаёти мардум шурўъ намуда, ба он ноил гардид, ба рушди минбаъдаи давлатдории нав, зиндагии шоистаи мардум қадами устувор гузошт.
Эмомалӣ Раҳмон дар як вазъияти мураккаб ва ноором, ки давлати мо дар вартаи ҳалокат қарор дошт, масъулияти гаронеро ба зиммаи худ гирифт, то ки ҷомеа ва давлати Тоҷикистони соҳибихтиёр бо сарбаландӣ ба марҳалаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шавад ва мардуми кишвар ба сўи ҳаёти осоишта ва арзанда, ба остонаи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо умед қадами устувор ниҳад.
Дар замони муосир – дар замони таҳҳавулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, баландшавии тарғибот ва ташвиқоти ғояҳои қувваҳои гуногун, идеология ва ташаккули нигоҳи нави иҷтимоӣ Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, худро дар назди наслҳои ҳозира ва ояндаи миллат масъул ва вазифадор донист, ки таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли он, осоиштагӣ, ободӣ, оромии ҳаёти мардуми мамлакатро, фазои сулҳу субот ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро таъмин намояд.
Ба ҳамаи душвориҳои иқтисодиву сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоиву маънавӣ нигоҳ накарда, бо сайъу кўшиши пайваста ва оқилонаи худ, Эмомалӣ Раҳмон тавонист дастовардҳои миллии тоҷикон, муқаддасоти миллӣ, дурнамои боэътимоди давлатдории миллӣ, истифодаи оқилонаи анъанаҳо ва осори таърихии миллиро эҳё, эълон ва таъмин намояд. Эмомлӣ Раҳмон дар ҷустуҷўи роҳи баромадан аз даҳшати бўҳрони сиёсиву иҷтимоӣ дар баргузории гуфтушунид, мусолеҳа ва созишу мулоқотҳо санъати баланди масъулиятнокиро дар амал татбиқ намуд.
Созишномаи таърихии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аҳамияти умумимиллӣ пайдо намуда, ба аҳли ҷомеаи ҷаҳон на фақат намунаи сулҳу созишро дар муқовимати дохилидавлатӣ намоиш дод, балки намунаи усули самарабахши бартараф намудани ихтилофу низоъи сарзада, бо роҳи осоишта бе истифодаи силоҳ, зўроварию таҳдид, эътироф гардид.
Барқарор карда шудани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон бузургтарин дастоварди истиқлолият гашт. Сулҳу суббот дар кишвар, имконият фароҳам овард, ки халқи Тоҷикистон бо роҳбарии пешвои хирадманди худ ба созандагию бунёдкорӣ, ба татбиқи барномаҳои истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, саноатикунонӣ ва ба ғанӣ гардонидани фарҳангу маърифат, ба эҳёи илму техника, ба таъмини адолати иҷтимоӣ ва такмил додани қонунгузорӣ ва ислоҳоти ҳуқуқӣ дар кишвар шурўъ намояд.
Раҳматуллоев А.Э. – профессори кафедраи
ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ