Сабақҳои талхи таърих
Соли 2020-уми мелодӣ бо як вазниниву ҳодисаҳои табии нотакрори худ паси сар шуд. Албатта беморие, ки тамоми кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифта буд, ҳам ба сатҳи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳам ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфии худро расонд ва мутаасифона оқибатҳои он ҳоло ҳам ба чашм мерасанд. Кишварҳои ҷаҳон ҳоло ҳам бо ин беморӣ мубориза бурда истодаанд, ки Тоҷикистон низ ин ҳодисаи табииро дар канор нагузоштааст.
Мутассифона дар ҷомеа низ равияҳое ва лидерҳои сиёсие арзи вуҷуд мекунанд, ки берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқандозӣ равона гардидаанд. Чуноне, ки аз тарафи оинаи нилгун ва сомонаҳои иҷтимои хабарҳое бармеянд, ки ба мафкураи ҷомеаи муосири Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонанд. Мисоли ҳақиқи ин суханони Муҳиддин Кабирӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ бо мақсади ба иғво андохтани ҷомеа, вайрон намудани мафкураи он ва ниҳоят сарнагун намудани ҳокимияти давлатӣ мебошад. Ин албатта оқибати ифротгароӣ ва бар зидди ҳокимияти давлати равона шуданро ба миён овард.
Бояд қайд намуд, ки дар дигар давлатҳо қарор гирифта, ҳатто дар он ҷо тарафдорони худро пайдо намуда сохти давлатдорӣ, шакли идоракунӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дигаргун намудан ғайриимкон мебошад. Намояндагони Паймони миллии Тоҷикистон агар ба халқу миллати Тоҷикистон кўмаки худро расонидан хоҳанд аз нигоҳи молиявӣ ба миллионҳо муҳоҷироне, ки дар кишварҳои ҳамсоя ва хориҷӣ қарор доранд ва бисёрии онҳо бе ҷои кор ва сарсону саргардон мебошанд ёрии худро расонанд.
Бо ҳамин замина аз сомонаҳои иҷтимоии табрикоти солинавии Муҳиддин Кабирӣ чунин хулоса бароварда дубора давлати соҳибистиқлолро бунёд намудан лозим меояд. Лекин тинҷиву оромӣ, осудагии давлати Тоҷикистон, пешрафти он дар самти иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг ва муносибатҳои байналмилалӣ ба зери чашми роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон намерасад. Зеро ки ин осудагӣ, мустаҳкамии ҳокимияти давлатдорӣ ва ягона будани он инъикоси имрўзаи механизми давлатӣ мо мебошад.
Мумкин бошад, ки Муҳиддин Кабирӣ истиқлолияти энергетикӣ ҳамчун яке аз стратегияи асосии давлатӣ, роҳи дигари мубориза бар зидди бемории ҷаҳонӣ ва ваҳдати миллиро аз нигоҳи фаҳмиши худ маънидод карда бошанд, зеро ки дар давлатҳои демокративу ҳуқуқбунёд плюрализми сиёсӣ, яъне бисёрақидагии сиёсӣ, бисёрфикрӣ дида мешавад. Аммо як чиро бояд қайд намуд, ки давлатҳои Шарқ аз он ҷумла Тоҷикистон урфу одатҳо, қадру қиммати шахсият, таҳаммулпазирии ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбатан болотар меистанд, ки дар давлатҳои Ғарб ин зуҳурот дида намешавад.
Бо итминони комил гуфта метавонем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан аз сабақҳои талхи таърих панд гирифта, ба ягон дасиса ва бегонапарастӣ нагаравида, дар раванди таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллӣ ва давлатдории навини хеш саҳми арзандаи хешро хоҳанд гузошт.
Воситов Ҳ.А. – н.и.ҳ., муаллими калони кафедраи
назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ