Табрикоти кинаангези Кабирӣ

 

Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон то ба кай суханҳои дурӯғу фитнаангези худро зидди Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон иброз менамояд. Агар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро халқи тоҷик ҷонибдорӣ намекард ва санаи 11 октябри соли 2020 ӯ дар интихоботи президентӣ интихоб намегардид.

Халқи тоҷик борҳо шоҳиди он гардидааст, ки маҳз бо ташаббус ва хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои 90-ум то имрӯз дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ пойдор аст. Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихии миллати тоҷик мебошанд, ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузоштанд. Пешвои миллат дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуданд. Бинобар он, халқи тоҷик хизматҳои арзандаи Эмомалӣ Раҳмонро ба назар гирифта, бори дигар ӯро ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Мо, халқи тоҷик розӣ ҳастем, ки чанд солаҳои дигар низ сарвари давлати мо тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон бошанд.

Муҳиддин Кабирӣ худ кӣ ҳастӣ? Як душмани халқ ва хиёнаткорӣ, на қаҳрамону хизматгории халқ. Агар нисбати халқи тоҷик ғамхорӣ мекардӣ ва дар Тоҷикистон амалҳои террористию экстремистиро содир намекардӣ, ингуна табрикотҳо ироа менамудӣ қобили қабул буд. Таҳти роҳбарии ТЭТ ҲНИ якчанд шахсони бегуноҳ ба қатл расонида шуданд, ки ин амалҳои даҳшатангез, бераҳмӣ ва нобахшандагист. Мақсади Шумо танҳо барои ба сари ҳокимият омадан. Агар Шумо ба сари ҳокимият биёед, онгоҳ давлати мо ба монанди давлатҳои ҷангзада табдил мумкин табдил ёбад. Мо, халқи тоҷик ва шаҳрвадони мамлакат намегузорем, ки онҳо ба сари ҳокимият омада, ба нооромии Тоҷикистон оварда расонанд.

Кабирӣ дар табрикоти кинаангезӣ худ иброз менамояд, ки гӯё “Тоҷикистон ҳам аз балои вирусу бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ канор намонд, балки бинобар бемасъулиятиву ноӯҳдабароии роҳбаронаш, дар мобайнтарин нуқтаи ин гирдоб қарор гирифт. Ҳукумат аз гирифтории ҳамагӣ 12 ҳазору марги 90 нафар аз асари вируси коруно мегӯяд, аммо табибону коршиносон ба ин назаранд, ки шумори гирифторон дар кишвар садҳо ҳазор ва ҷонбохтагон ҳазорҳост. Танҳо шумори онҳое, ки аз маргашон дар расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода шуд, на камтар аз 1000 нафаранд».

Ин гуфтаҳои ӯ далели исботкунандаро надорад ва имрӯз ба масъулияти тамоми роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар корхонаю муассисаҳо пешгирии бемории коронавирус гузошта шудааст ва онҳо дар ин самт фаъолона мусоидат карда истодаанд. Дар асоси маълумотномаи Вазорати тандурустӣ дар Тоҷикистон рӯзҳои охир сироятшавӣ ба ин беморӣ мушоҳида нашудааст ва боварӣ дорем, ки ин беморӣ дар Тоҷикистон пурра аз байн равад.

Каримова М.М. – муаллимаи калони кафедраи

ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва

пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

You might also like