Ғолибияти навбатии донишҷӯи донишгоҳ дар чемпионати ҷумҳуриявӣ

Шаҳром Фатҳуллоев донишҷӯи соли чоруми факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар чемпионати ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди Ҷиу-ҷитсу ба гирифтани ҷойи аввал сарфароз гардид.
Мусобиқаи мазкур санаи 20 декабри соли равон доир гардида, дар он беш аз 200 нафар варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат байни ҳам рақобат намуданд. Донишҷӯи ДДҲБСТ дар вазни 85 кг ба ҳамаи ҳарифонаш дастболо шуда, ба гирифтани мақоми аввал комёб гардид. Ҳамчунин, дар ин мусобиқа Шаҳром Фатҳуллоев байни варзишгарони синнашон аз 21 боло ба майдон баромада, ба гирифтани мақоми сеюм шарафёб гардид. Барои ғолибият дар чемпионати ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди Ҷиу-ҷитсу донишҷӯи ДДҲБСТ бо диплому медалҳои мусобиқа қадршиносӣ шуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like