ДДҲБСТ: Мулоқот баҳри сарфакории нерӯи барқ
Бо мақсади ба самъи аҳолӣ расонидани муҳтавои Муроҷиатномаи ширкати “Барқи тоҷик” дар мавриди сарфакорона ва сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқот баргузор гардид. Дар кори мулоқот намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзоғуфрон Ғафуров, муовини ректори донишгоҳ, Ҳаким Ғаюров, садорати факултетҳо ва роҳбарони гуруҳҳои академӣ ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Мулоқотро Ҳаким Ғаюров ифтитоҳ намуда, вобаста ба муҳтавои масъалаи зикргардида дар мавриди сарфаву сариштакорона истифода намудани нерӯи барқ ибрози назар кард.
Баъдан аъзои гуруҳи тарғиботиву ташвиқотии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар заминаи Муроҷиатномаи ширкати “Барқи тоҷик” аз тамоми иштирокчиён даъват ба амал оварданд, ки бояд ҳар сокини мамлакат аз ҳар як киловатт-соат нерӯи барқ самаранок истифода баранд, зеро бо ин омил тавонем, ки зимистони дар пеш истодаро бе мушкилӣ паси сар намоем.
Баромадкунандагон аз иштирокчиён даъват ба амал оварданд, ки сарфаву сариштакориро натанҳо дар истифодаи барқ дар дигар маврид низ ба таври зарурӣ истифода намоянд ва ба дигарон низ ин амали хубро тавсия диҳанд.
Таъкид гардид, ки вобаста ба вазъи имрӯзаи захираҳои оби кишвар дар фасли зимистон бояд ҳар як оила, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаву коргоҳҳо, сарфи назар аз шакли моликият, низоми истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва пешгирӣ кардани исрофкории онро риоя намоянд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа







