Ҳамдилӣ ва ҳамраъйӣ
Интихобшавии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба ҷаҳониён нишон дод, ки миллати мо дорои иммунитети баланди сиёсӣ мебошад, ки меҳвари онро ваҳдати миллӣ ташкил медиҳад. Минбаъд ягон омили хатарзо наметавонад ба сулҳу суботи Тоҷикистон таъсир намуда, кишварро ба самти ҷанги нави шаҳрвандӣ барад. Миллати тоҷик аз низоъи гузаштаи шаҳрвандӣ сабақҳои зиёд гирифта, ба ягон гурӯҳи тахрибкор имкон намедиҳад, ки ба истиқлоли давлатии мо хатар эҷод намояд. Ҳаммиллатони мо имрӯз ҳамдилӣ ва ҳамраъйи худро бо сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат баръало нишон доданд. Хусусан дар даврае, ки буҳронҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ хусусияти фарогирро дар ҷаҳони муосир ба худ касб кардаанд, мавҷудияти чунин Лидери қавии миллӣ ба мисли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамватанони мо эҳсоси эътимод ба фардои нек ва дурахшони кишварро медиҳанд.
Ҳастанд ашхосе, ки ба пешравиҳои кишвари маҳбубамон бо ғараз ва ҳасад нигоҳ мекунанд. Собиқ аъзоёни ҳизби терористии наҳзат ва думравони онҳо аз паймони милливу дигар чоплусон ҳасадхӯрон. Ин афрод дар қатори наҳзатиҳо дар саросари ҷаҳони муосир бо ҷорӣ намудани нақшаҳои хоҷагони хориҷии худ машғул мебошанд. Дар натиҷаи мамнуъ гаштани фаъолияти “ДИИШ” дар ҷаҳони интернет ҷойи онро ТЭТ ҲНИ ва «Гурӯҳи 24» гирифтааст. Ҳарчанд сомонаҳои расмии ташкилоти мазкур дар миқёси ҷумҳурӣ мамнуъ гардида бошанд ҳам, думравони он фаъолиятшонро дар шабакаҳои иҷтимоии интернет, ба хусус, «Фейсбук» пурзӯр намуда, гурӯҳҳоеро дар «Фейсбук» ихтисос додаанд, ки ҳамчун минбари таблиғ барояшон хизмат мекунанд. Чӣ тавре дар урфият мегӯянд: «Бори каҷ ба манзил намерасад» во мо қотеона метавонем таъкид созем, ки фарзандони нохалаф ҳатман рӯзе сазои амали худро хоҳанд дид.
Андешаҳои фосиқонаи Ислоҳ.нету Муҳаммадиқболу Кабирӣ пучу бемаънӣ буда аз бефарҳангии ин гуна одамон дарак медиҳад.
Интихоботи президенти мамлакат дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардид, ки ба он тамоми мардуми шарафманди тоҷик райъи худро доданд, дигар номзадҳо ба ин мансаб рӯи рост андешаҳояшонро оиди демократӣ, шаффоф гузаронида шудани ин маърака баён сохтанд.
Намояндагон ва шоҳидони зиёд аз созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ, экспертҳо ба интихоботи баргузоргардида баҳои баланд доданд. Пешвоёни сиёсии ҷаҳони муосир табрикоти худро оиди интихоб гардидани пешври миллат ба мансаби президентӣ бо ифтихор иброз намуданд, вале ҳастанд афроде, ки дорои донишу фикрронии казоӣ нестанд ба мисли паймонфурушон ингуна фикрҳои носолиму пуч ва бемаъниву беасосро дар мақолаи худ бо номи шоҳигарии эълоннашуда менависад.
Бо ифтихор бояд зикр намоем, ки интихоби тоҷикон, ки 11 октябри 2020 раъйи худро ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доданд. Интихоби ояндаи дурахшони Тоҷикистон ин давоми мантиқии эъмори давлати миллии дунявӣ, ҳифзи тарзи ҳаёти тоҷикона, ҳифзи забон ва фарҳанги миллӣ, гиромидошти анаъана ва маросимҳои миллӣ, амалишавии ҳадафҳои стратегии миллӣ, рушди низоми маориф ва тандурустӣ, парвариши кадрҳои болаёқати миллӣ, татбиқи минбаъдаи принсипи тоҷикмеҳварӣ дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, давом додани сиёсати “дарҳои боз” дар сиёсати хориҷии кишвар мебошад.
Олимов Б.Ҳ. – н.и.т., дотсент, мудири
кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ