Ғолибияти Пешвои миллат ғолибияти мардум аст!
Бо ғолибият ба даст овардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷанги иттилоотии нави хоинони миллату давлат оғоз шудааст.
Ин экстремистони наҳзатӣ роҳҳои нави ба даст овардани давлатро давом дода истодаанд, ки ҳеҷ ором намешаванд. Мо бояд боз ҳам сарҷамъ шуда, имрӯз бар зидди ин хел афродҳо мубориза барем. Онҳо оромӣ, тинҷую осодагии моро то метавонанд халадор месозанд, мо бошад ба он бе тараф набошем. На бояд танҳо ба умеди давлат бошем, мо худ ҳар як фарди комилҳуқуқ бояд, ҳаррӯз аз болои худ кор карда, дӯстдори ватану миллат бошем. Мисли оне, ки дар вақти Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ нафароне буданд, ки бо ташфиқот бар зидди душман, ватанпарастӣ, дӯстоштани хоки ватани худ ва ғ. корбарӣ мекарданд (ёрдамчии командир оид ба тарбия, ба истилои русӣ “замполит”), имрӯз ҳамон сиёсатро боз ҳам давом дода, хонаи худ, ватани худ, миллати худро бояд чун гавҳарки чашм эҳтиёт намуда, бештар ба мафкураи ҷавонон хештаншиносиро ҷорӣ намуд.
Зеро Модар-Ватан яктост. Агар мо имрӯз бар зидди ин журналистони хоин (Муҳаммадиқболи Садриддин) мубориза набарем, пагоҳ ин ҷанги иттилоотӣ ба ҷанги ҳақиқӣ мубадал шуданаш мумкин аст. Барои ҳамин бояд дар атрофи сисёсати давлату ҳукумат сарҷамъ гардида, ин мулки ободро боз ҳам ободтар мегардонем.
Изҳороти Абдуллоев М.М. – сармуаллими
кафедраи андоз ва андозбанди ДДҲБСТ