Тақвияти маҳфилҳои илмии донишҷӯён
Дар ҳама кафедраҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маҳфилҳои илмӣ фаъолияти чашмрас доранд ва дар он донишҷӯён бевосита дар мавзӯҳои мухталиф маърӯзаҳои илмӣ омода карда, баромад менамоянд ва байни ҳам баҳсу мунозираҳои илмӣ доир месозанд.
Дар кафедраи муносибатҳои байналхалқии донишгоҳ маҳфили “Дипломатҳои ҷавон” амал менамояд, ки ин навбат мавзӯи он “Нақши Пешвои миллат дар рушди муносибатҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон” буд.
Зимни баргузории маҳфил донишҷӯён иброз намуданд, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ нақши муассир дорад. Сарвари давлат борҳо аз минбари баланди СММ баромад карда, дар баробари мушкилоти Тоҷикистон таваҷҷўҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаҳои мубориза бо тераризму экстремизм, қочоқи маводи муххадир, рушди нобаробари давлатҳои ҷаҳон, масъалаи таъмини оби тоза ва ғайраҳо ҷалб мекунанд, ки қобили дастгирӣ мебошад, илова гардид дар идомаи маҳфил.
Инчунин, дар кафедраи сиёсатшиносии донишгоҳ маҳфили илмии донишҷӯён бо номи “Сиёсатшиносони ҷавон” доир гардида, дар он мавзӯи “Таҳдиди ифротгароӣ ва тундгароӣ дар таҳкими давлатдории миллии Тоҷикон” мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Дар маҳфили илмӣ донишҷӯён перомуни мавзӯҳои “Зарурати пешгирии гароиши ҷавонон ба созмонҳои ифротгаро ва тундгаро”, “Таҳдиди созмонҳои ифротгаро ва террористӣ ба амнияти Тоҷикистон” ва “Роҳҳои пешгирии гароиши ҷавонон ба ифротгароӣ ва тундгароӣ” маърӯзаҳо ироа намуданд.
Ҳамчунин дар кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатии донишгоҳ маҳфили илмии донишҷӯён бо номи “Сивилист” баргузор гардид. Донишҷӯён дар ҷараёни маҳфил дар мавзӯҳои “Мурофиаи судӣ дар ҳуқуқи римӣ”, “Дар хусуси зарурияти ворид намудани тағъирот ва иловаҳо ба муқаррароти меъёри Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи масъулияти падару модлар дар таълиму тарбияи фарзанд”” баромад карданд.
Дар кафедраи фанҳои ҷамъиятии донишгоҳ низ маҳфили илмии донишҷӯён доир гардид, ки перомуни инъикоси зиндагиномаи шахсиятҳои бузурги миллат дар асари пурарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи «Чеҳраҳои мондагор” сухан рафт. Дар маҳфил устодону донишҷӯёни кафедраи мазкур иштирок ва баромад намуданд.
Донишҷӯён дар мавзӯҳои “Зардушт паёмбари ойини ростин”, “Куруши Кабир бунёдгузори далатдории мутамаддин”, “Камоли Хуҷандӣ ва осори ӯ”, “Чеҳраҳои мондагор” ва шахсиятҳои бузурги миллат маърӯзаҳо ироа намуданд.
Баргузории маҳфилҳои илмии донишҷӯён дар дигар кафедраҳои донишгоҳ идома дорад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа







