Бани одам аъзои якдигаранд
23 октябри соли равон бо ташаббуси кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ таҳти роҳбарии мудири кафедра дотсент Муродбекова М.Х. дар факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, дар мавзӯи “Инсондӯстӣ ва инсонпарварӣ” бо донишҷӯёни факултет ва намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Салиби Сурхи Олмон дар Осиёи Миёна вохӯрии маърифатӣ баргузор гардид.
Нахуст, дотсент Аслам Каримов меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз сиёсати дурбинони Ҳукумати ҶТ, ба вижа ба сифати таълиму тадриси насли наврасу ҷавон аҳамияти хоса додани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдрас шуда, дастгирии ҳамаҷонибаи ин сиёсати хирадсмандонаро аз ҷониби ҷомеаи донишгоҳ бо сарварии ректори донишгоҳ, профессор Шарифзода М.М. таъкид намуд.
Дар аснои сухан оид ба масъалаи инсондӯстӣ ва инсонпарварӣ, ки яке аз хислатҳои беҳтарини мардум аст, мӯътакид шуда, суханро дар ихтиёри ҷонишини роҳбари бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар вилояти Суғд Исломҷон Бобоев вогузошт, ки мавсуф дар бораи фаъолияти ҷамъияти мазкур маълумот дод. Сипас, сармутахассиси бахш оиди ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ – Раънохон Камолова дар бораи башардӯстӣ ва фаъолияти ҶҲАТ дар мавзӯи “Фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар самти тарғибу тақвияти инсондӯстӣ ва инсонпарварӣ” маълумоти муфассал дод.
Ҳамчунин, менеҷери минтақавии барномаҳои Салиби Сурхи Олмон дар Осиёи Миёна – Парвизҷон Маҳмудов оид ба барномаҳои хайрандешонаву хайриявии Салиби Сурх ибрози ақида кард
Вохӯрии маърифатӣ барои дар оянда ба ҳама қишрҳои мухталифи ҷомеа бо чашми некбинонаву хайрхоҳона нигаристани ҷавонон, ҳамеша мададгори ҳамдигар будан як дарси бузурги зиндагӣ гардид. Ин вохӯрӣ ҳамчун як дарси кушоди маънавӣ дар ҷодаи тарбияи гуманистии донишҷӯён саҳми бориз дошт. Дар интиҳо барои меҳмонон тӯҳфаҳои рамзии раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа





