Паймони худсохти Кабирӣ шикаст хӯрд
Ду узви Шӯрои раҳбарии Анҷумани озодандешони тоҷик (созмони ифротӣ ва мамнӯъ дар Тоҷикистон) — Равшани Темуриён ва Ҳаким Рабимпур аз ҳайати ин шӯро истеъфо доданд, ки ин пушаймонии онҳоро нишон медиҳад.
Аз ин ҳолат худи Равшан Темуриён, журналисти тоҷики муқими Канада, ва Ҳаким Рабимпур, донишманди тоҷики муқими Амрико, рӯзи 2 октябр бо нашри баёнияҳои алоҳида дар саҳифаҳои худ дар Фейсбук аз истеъфояш аз ҳайъати Шӯрои роҳбарии Анҷумани озодандешони тоҷик, яке аз гуруҳҳои мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон хабар доданд, оид ба истеъфояш эълон мекунад.
Қайд кардааст, ки хабарнигори собиқи Радиои Озодӣ, ки беш аз 20 соли охир дар Канада умр ба сар мебарад, дар аризаи истеъфояш, ки бо забони англисӣ навишта шудааст, бароварда нашудани орзуву умедҳояшро сабаби истеъфои худ аз ниҳоди роҳбарии Анҷумани озодандешони тоҷик ном бурдааст.
Муайян аст, ки Анҷумани озодандешони тоҷик соли 2018 дар Варшава таъсис ёфта, асосан дар Аврупо амал мекунад. Ин созмон моҳи сентябри соли 2018 дар баробари Ҳизби наҳзати ислом, Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон ва Анҷумани муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Аврупо яке аз муассисони Паймони миллии Тоҷикистон, як эътилофи нирӯҳои мухолифини тоҷик ба раҳбарии Муҳиддин Кабирӣ таъсис дода шудааст, ки бо Суди олии Тоҷикистон фаъолияти Паймони миллиро дар кишвар моҳи августи соли 2019 манъ кард.
Бинобар ин бояд қайд кард, ки бо ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани принсипи инсондӯстӣ ба муносибати 25 – солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» – ро қабул кардааст, ки дар моддаи 3 ин Қонун оварда шудааст шаҳрвандони хориҷие, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 1301, 181, қисми 3 моддаи 200, моддаҳои 237, 244, қисмҳои 1, 2 ва 3 моддаи 247, моддаҳои 281, 284, 3071, 3072, 3073ва 335 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинишуда маҳкум шудаанд, авф карда шудаанд.
Аммо он амалҳои пардапўшонаи ҳизбу ҳаракатҳои мухолифин барои мо нобахшиданӣ буда, пушаймонии ин кирдорҳояшон суд надорад.
Ба андешаи мо пушаймонии шахсони муайян ки дар фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ гувоҳӣ он аст, падидаи номатлубро дар ҷомеа то ҳол ҷонибдорӣ менамоянд. Бинобар ин аҳли ҷомеа дарк кардааст, ки ин гуруҳи шахсон ҳатман бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд, ки оқибати ҳам гуна кирдорҳои хавфнок дошта, бартараф намудани фаъолияти ин тоифа шахсон вазифаи ҳам ҷомеа ва ҳам давлат ва ҳам шахрвандон аст, ки ҳаёти осоиштаи моро халалдор месозад.
Кабирзода Г.Қ. – ассистенти кафедраи
ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурори ДДҲБСТ