“Меҳргон” – натиҷаи заҳмати деҳқон
Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат Иди Меҳргон мутантан таҷлил мегардад. Дар кафедраи маркетинг-агробизнеси факултети бизнес ва идоракунии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинии илмию тарбиявӣ бахшида ба ин ҷашни аҷдодӣ доир гардид.
Иброз гардид, ки дар Тоҷикистон баробари ба даст овардани истиқлолият ҷашни аҷдодии мо – «Меҳргон» эҳёи дубора пайдо кард. Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих манша мегирад. «Меҳргон» рамзи тирамоҳи зарнисор ва айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад».
Дар идома чанде аз устодони факултети мазкур баромад намуданд. Қайд шуд, ки ҷашни «Меҳргон» яке аз идҳои бузурги суннатии кишоварзии аҷдодонамон ба шумор рафта, пуршукӯҳтарин ҷашни гузаштагони мардуми форсизабон мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ баромадкунандагон ҳамчунин афзуданд, ки ҳамасола бо назардошти он ки «Меҳргон»-ро бештар ба унвони ҷашни кишоварзон мешиносанд, дар ҷашнгоҳҳо ва намоишгоҳҳо анвои мухталифи меваю сабзавот, афшураю оби мева ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, базму тамошоҳо барпо мегарданд, ки аз шӯҳрату шаҳомати ин ҷашни аҷдодӣ гувоҳӣ медиҳад.
“Меҳргон” таҷассуми суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хосса инъикос менамояд, илова гардид дар идомаи. Шеъру сурудхонии донишҷӯён ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа





