Хиёнаткорро бахшида нахоҳад шуд!
Тибқи нақша чорабиниҳои тасдиқнамудаи раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон кулли донишҷӯёну магистрантон ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ дар машғулиятҳои таълимӣ, дарсҳои тарбиявӣ ва маҷлисҳову мизҳои гирд филми мустанади “Хиёнат”-ро, ки аз 5 қисм иборат аст, пурра тамошо карданд.
Аз ҷумла дар маҷлисгоҳи бинои асосӣ, маҷлисгоҳҳои биноҳои таълимии №2 ва 3, синфхонаҳо, оинаи нилгун ва таблоҳои электроние, ки дар даромадгоҳҳо ҷойгир шудааст, ҳамаи донишҷӯёни шакли таҳсилашон рӯзона ва ҳам фосилавӣ (ғоибона) дастаҷамъона тамошо карданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки донишҷӯёну устодони донишгоҳ баъди тамошои филми мазкур бори дигар ба рафтору кирдори ТЭТ ҲНИ, ки ҳамчун созмони ифротӣ ва мамнӯъ дар мамлакат эътироф шудааст, фикри худро баён намуданд.
Мутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ Ҳаётҷон Қурбонов иброз медорад, ки ҳизби ифротии наҳзат аз аввали истиқлолият то кунун мақсаду мароми нопок дошта, ба ин сарзамин ва мардуми мо нафрату бадбинӣ дошт. Хушбахтона баъди тамошои филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” ин нукта исботи худро бори дигар ёфт. Зарару зиёни расонидаи ташкилоти мазкур ба ҷомеаи Тоҷикистон ҳеҷгоҳ аз хотир намеравад. Мавқеи мо бар зидди гуруҳҳои ифротӣ қотеъкунандааст, илова кард ӯ.
Дар ин филм дар бораи ҳадафу мақсадҳои нопок ва фаъолияти вайронкоронаи аъзои ТЭТ ҲНИ, ки фаъолияти он дар кишвар мамнӯъ эълон карда шудааст, бо далелҳо нақл карда мешавад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа














