Мулоқоти судманд дар хобгоҳи ДДҲБСТ
Бегоҳии санаи 24 августи соли 2020 раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми вилояти Суғд Мусобек Мираватов ба хобгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташриф оварда, бо донишҷӯён мулоқот анҷом дод. Номбурда нахуст бо вазъи тозаву озодагӣ дар хобгоҳ ва риояи гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ ошно гардид.
Сипас дар маҷлисгоҳи хобгоҳ бо донишҷӯён зимни суҳбати озод даъват ба амал оварда шуд, ки пайваста омӯзанд ва аз шароиту имкониятҳои фароҳамшуда ба таври васеъ истифода бурда, мутахассиси дорои қобилияти баланду забондон тарбия ёбанд. Ҳамчунин иброз гардид, ки донишҷӯён бояд ҳамеша ҳушёриву зиракии хешро аз даст надода, муқаддасоти миллиро эҳтиром ва ба дастовардҳои замони Истиқлолият арҷгузор бошанд.
Дар ин руз аз ҷониби раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми вилоят ба донишҷӯёни хобгоҳ маводи антисептикӣ, ниқобу дигар маҳлулҳои зиддивирусӣ тақдим карда шуд. Дар интиҳо раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ Аминҷон Амонов барои шиносоӣ ва кӯмак ба Мӯсобек Мираватов миннатдории раёсати донишгоҳро баён кард.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




