Шиносоии муовини вазири маориф ва илм аз ДДҲБСТ

Субҳи имрӯз муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташриф овард.Зимни шиносоӣ бо раванди таълиму тарбия дар ДДҲБСТ ба тадбирҳои андешидаи роҳбарияти ин муассисаи олӣ барои ҳифзи сиҳатии донишҷўён ва устодон баҳои баланд дода шуд. Тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даромадгоҳҳои биноҳои таълимӣ, синфхонаҳо насб гардида, навбатдорон иҷрои онро аз ҳамагон талаб менамоянд.

Муовини вазири маориф ва илми кишвар дар факултети ҳуқуқшиносии  донишгоҳ бо фаъолияти Маркази омўзиши Аврупо, лабараторияи криминалистӣ, ки бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шуда буд, ошноӣ пайдо кард. Диловар Қодирзода дар ҷараёни дарси ҳуқуқшиносони оянда иштирок намуда, донишҷўёнро ба омўзиши амиқи донишҳои муосири ҳуқуқи ҳидоят намуда, риояи қоидаҳои беҳдоштиро тадбири муҳими имрўзаи сиҳатии омма донист. Ҳамчунин номбурда донишҷӯёнро ба омӯзиш ва аз худ намудани забонҳои хориҷӣ даъват карда, аз онҳо хост то ду ва ё се забони хориҷиро дар сатҳи баланд аз худ намоянд. Зеро донистани забон талаботи замон мебошад, илова кард муовини вазир. Донишҷўён дар дарсҳои амалӣ бо истифода аз технологияи муосир ба донишандӯзӣ машғул буданд. Ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки баҳри беҳдошти саломатии худу атрофиён тавсияҳои ниҳодҳои дахлдорро иҷро намоянд.

Дар идомаи боздид муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҷмааи варзишии донишгоҳ ва биноҳои навбунёди таълимиву маҷлисгоҳ шинос гардид.

Шуъбаи таҳҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like