Ҳуқуқшиносони ҷавон соҳиби шаҳодатнома гардиданд
Шурўъ аз 10 август то 15 августи соли 2020 дар маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон «Мактаби тобистонаи ҳуқуқшиноси ҷавон – 2020» гузаронида шуд, ки дар он 15 нафар донишҷўёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва 15 нафар донишҷўёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Қисми назариявии машғулиятҳоро дар «Мактаби тобистонаи ҳуқуқшиноси ҷавон – 2020» устодони факултети ҳуқукшиносии ДДҲБСТ – н.и.ҳ., дотсент Ҳомидова М.Ф. ва сармуаллима Очилова Ф.А. гузарониданд. Қисми амалиявии машғулиятҳоро бошад раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент Қодирзода Тоҳир Қамар, д.и.ҳ., профессор Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн гузарониданд.
Дар фарҷоми машғулиятҳо Сертификат ҷиҳати иштирок дар «Мактаби тобистонаи ҳуқуқшиноси ҷавон – 2020» ба донишҷўён аз ҷониби намояндагони расмии ташкилоти байналхалқии «Ҳелветас» ва устодон супорида шуд.
Ҳадафи гузаронидани мактаби тобистона тақвият бахшидани дўстиву рафоқат байни донишҷўёни ду донишгоҳи бонуфуз – Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа






