ДДҲБСТ: Маросими дипломсупорӣ  ба хатмкунандагон тариқи расмӣ ва онлайн

Субҳи имрўз  дар маҷлисгоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими расмии  дипломсупорӣ ба хатмкунандагони ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ доир гардид. Қайд кардан ҷоиз аст, ки  ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии  бемориҳои  сироятӣ бо риояи меъёр ва тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   танҳо ба хатмкунандагоне, ки  соҳиби дипломи сурх гаштанд ва дар раванди таҳсил  ғолибони озмуну олимпиадаҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ буданд, дар вазъи тантанавӣ дипломҳо тақдим гардид.

Пас аз  сухани ифтитоҳии ректори  донишгоҳ профессор Муъмин Шарифзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хатмкунандагонро ба чунин рўзи хотирмон  самимона табрик намуд ва таманниёти хешро барояшон иброз дошт.

Ректори донишгоҳ,  аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазъи хуби таълиму тарбия дар муассисаҳои олии кишвар ва  тайёр намудани мутахассисони ояндасоз ҳарф зад. Саҳми  хатмкунадагон, бахусус, Мирзоҷон Мирзобаев, гирандаи стипендияи Раиси вилояти Суғд ва Раиси  шаҳри Хуҷанд; хатмкардаи захираи кадрии назди КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Каримова Нозила – ғолиби  озмуни «Донишҷўи сол» байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд,  Оростамоҳ Қодирзода- ғолиби озмуни вилоятии  «Китобхони беҳтарин»; гирандаи стипендияи раёсати донишгоҳ,  Далерхон Хоҷаев, Амонҷон Каримов ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нилуфар Қосимова- гирандаи стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Садам Каримов – чемпиони ҷаҳон оид ба мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ  ва дигарон дар муаррифии донишгоҳ таъкид ёфт.

Дар таҷрибаи донишгоҳ бори аввал дипломи хатмкунандагони боқимонда вобаста ба факултетҳо тариқи онлайн супорида шуд, ки ин хусусияти фарқкунандаи маросими дипломсупории хатмкунандагони соли таҳсили 2019-2020 аз солҳои пешин ба ҳисоб меравад.

Саҳифаи  рўзгори хатмкунандагон  бозгўи он аст,  ки бештари онҳо  дар раванди таҳсил  ба муваффақиятҳои беназир ноил гардида,  гирандаи гранти байналхалқӣ, ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ  озмунҳои «Китобхони беҳтарин»,  «Тоҷикистон минтақаи ҷолиби сайёҳӣ», “Беҳтарин корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ,  «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ», “Беҳтарин хонандаи асарҳои Пешвои миллат”, дорандагони медали «Дурахшон»-и КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд,  шаҳодатномаи Маркази миллии патенту иттилоот, ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  сипосномаи Раиси вилояти Суғд, иштирокчии фаъоли  конференсия, ҳамоишу форумҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ,  гирандагони  стипендияҳои номӣ:  стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси вилояти Суғд, Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Раиси шаҳри Хуҷанд ва стипендияи раёсати донишгоҳ,  ҷоизадори медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии чемпионати ҷаҳон оид ба намудҳои гуногуни варзишӣ,  Чемпиони Осиё, Чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон,  устоди варзиш ва ғайраҳо буданд.

Дастоварди хатмкунандагон дар муаррифии донишгоҳ дар миқёси ҷумҳурӣ ва   байналмилалӣ,  бо кушишу ғайрат ва дастоварду нишондод саҳм гирифтани онҳо  дар  мутобиқгардонии сатҳу сифати таҳсилот ба меъёрҳои байналмилалӣ ва соҳиби шаҳодатномаҳои  аккредитатсияи байналмилалӣ гардидани якчанд ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ  назаррас арзёбӣ  мешавад.

Раёсати донишгоҳ изҳори боварӣ менамояд, ки  мутахассисони соҳибдиплом  бо донишу малака ва таҷрибаи андӯхтаашон бо  рисолати баланди касбӣ  фаъолият намуда, дар рушду нумӯи Тоҷикистони маҳбубамон саҳм хоҳанд гузошт.

Зимни мусоҳиба хатмкунандагони фаъол ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарият ва ҳайати устодону профессорон арзӣ сипос намуда, иброз доштанд, ки имрӯз давлату Ҳукумат ҷиҳати бо  ҷойи корӣ таъмин гардидани ҷавонон тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст. Дар ҷавоб ба ин ғамхориву шароити мусоид онҳо  содиқона заҳмат кашида, дар роҳи гул – гулшукуфии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва баланд бардоштани обрӯву эътибори он дар арсаи ҷаҳонӣ саъю кӯшиш менамоянд.

You might also like