Рамаи буз садди роҳи шер намегардад…

Бо баробари паҳншавии хабари  сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои Аврупо  аъзои Паймони миллии Тоҷикистон ва наҳзатиёни Аврупо аҷаб нақшаҳо кашиданд. Онҳо хостанд, ки дар шаҳрҳое, ки Пешвои миллат сафар мекунанд, раҳпаймоиҳо ташкил намоянд. Ин кори ношукрона ва ноҷавонмардонаашонро онҳо кайҳо ин ҷониб идома медиҳанд, ки ҳеч пўшида нест. Аммо аз ин кори онҳо ягон натиҷа ба даст намеояд ва то кунун наомадааст, хушбахтона!

Қувваҳои пасипардагии аврупоиён ҳастанд, ки ба ном «мухолифон»-и Ҳукумати Тоҷикистонро ҷонибдорӣ мекунанд ва сармоягузорӣ мекунанд. Барои ба назари он хоҷагонашон мехоҳанд, ки ин «бузичаҳои балегўяк» худашонро шер вонамуд карда, дар шаҳре, ки Президенти Тоҷикистон меравад, «бозори баоси бузона»-ашонро ташкил кунанд. Аммо бехабар аз онанд, ки буз, буз мемонаду бас.

Сафари Президенти Тоҷикистон барои наҳзат ва дигар созмонҳо фурсати қулай мегардад, ки аз хоҷагонашон маблағҳо талаб карда, эътирознамоӣ кунанд, зеро сол ба поён расида истодааст ва бояд барои харҷи маблағҳояшон ҳисоботи солона пешниҳод намоянд. Сафари Президент ба онҳо ба мисоли охурчаи пур аз малбағ аст, ки камтар дод мезананду давоми як соли дигар осуда мегарданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди Тоҷикистон ва густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ ба Аврупо рафтаниянд. Гумон мекунам, ки доираҳои тиҷоратии кишварҳои Аврупо ба эътироз ва раҳпаймоии «ба ном барпошаванда» аҳамият намедиҳанд, зеро аз акксоси сагу маоси бузонаи раҳпаймоён кисаи тоҷирон пур намешавад. Онҳо барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҷалб мегарданд ва ғингоси магасҳои дайдуи дар аврупо ҷойшуда ҳаргиз монеаи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо нафарони дар нақшабуда нахоҳад гашт.

Раҳимов И.

You might also like