Ихтирои ҷадид дар пешгирии бемории коронавирус

Санитайзер ё худ таҷҳизоти безараркунанда аз ихтирои ҷадиди иштирокчии лоиҳаи “Пешсаф”-и назди озмоишгоҳи инноватсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Саидҷон Асроров мебошад. Ин дастгоҳ дар рӯзҳое ихтироъ гардид, ки зарурият ба он дар ҷомеа зиёд аст. Мушоҳида мегардад, ки дар тамоми идораву коргоҳҳо имрӯзҳо барои пешгирӣ аз бемории ҳамагири каронавирус дар даромадгоҳҳо нафаре барои пошидани маҳлули зиддивирусӣ машғул мебошад. Дастгоҳи тозаихтироъ имконият медиҳад, ки шаҳрвандон бе иштироки ягон нафар дастонашонро бо маҳлули зиддивирузӣ безарар гардонанд. Санитайзер (таҷҳизоти безараркунанда) аз қуттӣ, зарфи маҳлулнигоҳдоранда ва  лазер иборат буда, ҳангоми дастонро ба он гузоштан ба таври  худкор (автоматӣ) дастонро безарар мегардонад.

Ҳоло аз ин дастгоҳ дар биноҳои маъмуриву таълимии ДДҲБСТ гузошта шудааст ва кормандону устодон аз он истифода мебаранд. Дар назар аст, ки миқдори санитайзерро бештар истењсол гардида,  ба дигар муассисаҳои иҷтимоӣ дастас карда мешавад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

You might also like