ДДҲБСТ: ПЕШГИРИИ ҶИНОЯТКОРӢ – КАФИЛИ АМНИЯТУ ОСУДАГИИ ҶОМЕА
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва муқовимат ба коррупсияи факултети ҳуқуқшиносӣ чорабинии тарбиявӣ дар мавзуи «Пешгирии ҷинояткорӣ — кафили амнияту осудагии ҷомеа» баргузор гардид.
Чорабиниро мудири кафедра Қобилзода Ботурхуҷа ифтитоҳ намуда, оид ба аҳаммияти пешгирии ҷинояткорӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва нақши маърифати ҳуқуқӣ дар ташаккули ҷомеаи солим суханронӣ кард.
Дар идома кормандони шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд — подполковники милитсия Қозизода Абдусаттор Абдуваҳоб, капитани милитсия Пардаев Мақсуд ва лейтенанти калони милитсия Орифов Амирхон вобаста ба мавзуъ баромад намуданд.
Зимни суханронӣ масъалаҳои сабабу омилҳои ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, оқибатҳои ҳуқуқии кирдорҳои ҷиноятӣ, истифодаи мақсадноки телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, миёни иштирокчиён ва намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои донишҷӯён посухҳои мушаххас дода шуданд.
Баргузории чунин чорабиниҳо дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи масъулиятшиносии ҷавонон ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аҳаммияти муҳим дорад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа






