ДДҲБСТ: ДАСТОВАРДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ «ЛИГАИ ПЕДАГОГҲОИ ИДМ – 2026»
Номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Саидахон Солихоҷаева дар озмуни байналмилалии маҳорати касбии омӯзгорони ҷавони русзабон ва омӯзгорони фаннии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Лигаи педагогҳои ИДМ – 2026» ба мақоми финалист сазовор гардид.
Озмуни мазкур аз 9 то 16 ноябри соли 2026 дар заминаи Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия ба номи Патрис Лумумба (РУДН) дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор гардида, дар он омӯзгорон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои узви ИДМ иштирок намуданд.
Дотсент Саидахон Солихоҷаева дар номинатсияи «Педагог-фаннӣ» аз рӯйи фанни «Сиёсатшиносӣ» маҳорати касбӣ ва таҷрибаи омӯзгории худро муаррифӣ намуда, бо натиҷаи назаррас ба қатори финалистони озмуни байналмилалӣ роҳ ёфт. Ин дастовард бозгӯи фаъолияти самараноки илмию омӯзгорӣ ва саҳми омӯзгор дар муаррифии иқтидори илмӣ ва таълимии донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Дар доираи барномаи озмун инчунин Форуми сеюми байналмилалии таълимӣ таҳти унвони «Таълими байналмилалӣ дар ҷаҳони бисёрқутба» ва Форуми омӯзгорони мактаби олии кишварҳои ИДМ «Ҳамбастагии дониш» баргузор гардиданд. Саидахон Солихоҷаева дар чорабиниҳои мазкур ҳамчун намояндаи Донишгоҳ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, бо намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои гуногун табодули таҷрибаи касбӣ ва методӣ анҷом дод.
Зимни форумҳо масъалаҳои муҳими рушди таҳсилоти олӣ, такмили низоми омодасозии мутахассисон, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар раванди таълим ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ-таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, дар доираи сафари хизматӣ дотсент Саидахон Солихоҷаева дар барномаҳои такмили ихтисос таҳти унвонҳои «Мутахассиси 2036: Экосистемаи таълимӣ ҳамчун асоси стратегияи омодасозӣ ва нигоҳдории кадрҳо» ва «Татбиқи усулҳои муоширати боварибахш» иштирок намуда, соҳиби шаҳодатномаи такмили ихтисос гардид.
Дастоварди мазкур дар баробари баланд бардоштани мақоми касбии омӯзгор, барои таҳкими нуфузи байналмилалии донишгоҳ, густариши ҳамкориҳои илмӣ-таълимӣ ва татбиқи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар раванди таълим аҳаммияти муҳим дорад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа











